САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
1.8. НИГОҲИ ТАНҚИДӢ БА ИСТИФОДАИ ИТТИЛООТ
Якчанд марҳилаи тафтиши саҳеҳ будани иттилоот вуҷуд дорад.
Ба марҳилаи якум тааллуқ дорад таҳлили худи расона. Сарчашмаи иттилооти шумо чӣ андоза ба боварӣ сазовор аст омӯзед, захираи дигар нашрияҳоро хонед, дигар барномаҳоро бинед. Ба худ суол кунед: дар захира ҳозир набудани тавозун хос аст? Забони нафрат ва дигар усулҳо дар манипулятсия иттилоот тез-тез истифода мешавад? Ҳамои инро омӯхта захираи мазкурро воситаи ташвиқот номида мешавад? Дар охир ба ёд оред, муассиси ин расона кист, андеша кунед, ними ҳақиқатро гуфтан дар манфиати ӯст, чӣ тавре, ки мо ошкор кардем, нимҳақиқат дар ВАО аз дурӯғи ошкор беҳтар нест.
Дар марҳилаи дуюм иттилоотро дарёфт, инчунин алтернативаи онро дар дигар захираҳо ҷустуҷӯ кунед. Дар ёд доред, албатта, расонаҳое вуҷуд доранд, ки дар ҳақиқат иттилоти бардурӯғ интишор намекунанд. Алҳол барои рӯзноманигорони расонаҳои нав аккаунтҳои шахсии истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ сарчашмаи маълумот шуда истодааст. Аз рӯи қоида рӯзноманиго ягон хабарро аз расонаи нав шунавида онро бояд таҳлил кунад, аммо вақтҳои охир ҳолатҳое ҳастанд, ки рӯзноманигорони расонаҳои анъанавӣ чизеро интишор карда ҳа аккаунти шахсии истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ асос медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё