Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

МАШҒУЛИЯТИ 2. “НОБИНОЁН ВА ФИЛ”

ҚАДАМИ 1. 3-4 иштирокчӣ аз байни донишҷӯён интихоб намудан ва хоҳиш кардан, ки чашмонашонро банданд

ҚАДАМИ 2. Ба донишҷӯён додани ашёе, ки қисмҳои он аз якдигар фарқ кунанд (масалан, бозичаи калони мулоим, ашёҳое аз утоқи химия) ва ба онҳо гуфтан, ки метавонанд танҳо ба ҳамон қисм даст расонанд (ҳамчун вариант метавон ашёи парешоншудаеро ба кор бурд, ки қисмҳояш аз ҳамдигар фарқи зиёд доранд, ба ҳар иштирокчӣ як қисми онро бояд дод). Ҳар иштирокчӣ бояд фаҳмонад, ки дар дасти ӯ чист. Устод, пешопеш фикр кунед, ки ин чӣ хел ашё метавонад бошад.

ҚАДАМИ 3. Хондани масал дар бораи нобиноён ва фил. Ҳамин гуна як масали қадими ҳиндуӣ ҳаст. Замоне дар як деҳа шаш нобиноён мезистанд. Боре онҳо сухане шуниданд: “Ҳой, назди мо фил омад!” Нобиноён дар бораи филҳо ҷузъитарин маълумот ҳам надоштанд ва намедонистанд, ки ин ҳайвон чӣ сурате дорад. Онҳо чунин тасмим гирифтанд: “Мо, ки ӯро дида наметавонем, меравем ва ҳадди ақал ба ӯ даст мерасонему ламс мекунем”. Нобинои якум ба пои фил расиду гуфт: “Фил сутун аст”. Дувумӣ даст ба думи фил заду гуфт: “Фил ресмон аст”. Сеюмӣ ба хартуми ӯ даст расонду гуфт: “Не охир, ин шохи ғафси дарахт аст”. Ӯ ба бодбезаки калоне монанд аст,- гӯён аз гӯши ӯ дошт чорумӣ. Панҷумӣ шиками филро ламс карду гуфт: “Фил хуми калон аст”.

“Ӯ ба олати тарёккашӣ бештар монандӣ дорад”, - ба дандони дарози фил расида, хулоса кард нобино.

Оташи баҳс миёни онҳо аланга зад ва ҳар кадоме исрор мекард, ки ҳақ ба ҷониби ман аст. Агар ба баҳси онҳо одами хирадманде, ки аз наздашон мегузашт, шарик намешуд, маълум набуд, ки баҳс бо чӣ меанҷомид. Ба саволи “Чӣ шуд?” нобиноён чунин ҷавоб доданд:
“Мо наметавонем ба чӣ монанд будани филро муайян кунем”. Ҳар яке тасаввури худро дар бораи шаклу сурати фил баён кард. Сипас марди хирадманд оромона ба онҳо фаҳмонид, ки “Ҳамаи шумо дуруст мегӯед. Сабаби ба таври гуногун шарҳ додани шумо он аст, ки ҳар кадоми шумо ба ҷойҳои гуногуни фил даст расондед. Дар ҳақиқат фил соҳиби ҳамаи он чизҳоест, ки шумо гуфтед”.

САВОЛ БА ДОНИШҶӮЁН: ИН МАСАЛ БА ГИРИФТАНИ ИТТИЛОИ ПУРРА ЧӢ ВОБАСТАГӢ ДОРАД?

Агар мушкилот ба миён ояд, ин матн метавонад ёрирасони муаллим бошад: Ҳикмати ин масал он аст, ки муҳокимаи одамони гуногун дар бораи як чиз бештар аз ҳама танҳо ҷузъе аз ҳақиқат аст. Мо метавонем ғояву мазмуни масалро ба ҳолате марбут донем, ки вақте иттилои пурра дар бораи ин ё он ашё, воқеаҳо ва ё ҳодисаҳо надошта бошем. Ба ягон ҷои фил даст расонда, мо намефаҳмем, ки ӯ дар воқеъ чӣ шакле дорад.

пешина
аз 126
навбатӣ