САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
АКТУАЛӢ БУДАНИ ИТТИЛОЪ
Мубрамияти иттилоъ – муҳимият барои замони ҳозир, рӯзмаррагӣ. Танҳо иттилои сари вақт ба дастомада метавонад муфид бошад. Иттилои ғайримубрам танҳо ба ду сабаб метавонад вуҷуд дошта бошад: метавонад кӯҳна бошад (шумораи соли гузаштаи рӯзнома) ё беаҳамият ва нолозим бошад (Масалан, хабари дар Итлаия панҷ дарсад фуромадани нархи коло).
Куҳнашавии иттилоъ дар он ифода меёбад, ки он бо гузашти замон арзиши худро аз даст медиҳад. Хабарро на вақту замон, балки пайдо шудани хабари наву тозатаре, ки хабари пешинаро такмил медиҳад ё инкор менамояд, кӯҳна мекунад. Хабари илмию техникӣ зудтар ва хабари эстетикӣ (асари санъат) дертар куҳна мешавад.
Ахбори актуалӣ– дар вақти ҳозира муҳим, таъхирнопазир, моҳиятнокии мавзӯъ ҳисоб мешавад. Иттилои сари вақт гирифта шуда моҳият дорад.
Мантиқнокӣ, ихчамӣ, шаклу қолаби мувофиқ дарку ҳазми иттиллоъро осонтар мегардонад.
Иттиллоъ бояд ба аудитория фаҳмо бошад. Журналистон дар навбати аввал ба онҳое хидмат мерасонад, ки хонанда ё бинандаи ӯ мебошанд. Дар бораи чизҳои мураккаб бо забони содаву дастрас навиштан ё гуфтан маҳорати баланд ва устодии журналистро нишон медиҳад.
Ҳамин тавр, мо бо шумо дар бораи иттилоъ, навъҳои он, ки ба ВАО марбут аст, ҳамчунин дар бораи вазифаҳои ВАО ва кӣ будани журналист маълумот пайдо кардем. ВАО метавонанд дар густариши демократия, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ мусоидат намоянд, вале дар айни замон метавонанд василаи иғвоангезию бенизомӣ бошанд. Дар бораи ин ҷанбаи ВАО дар дарсҳои оянда сухан мегӯем.
Фаҳмо будани иттилоъ
Иттилоъ барои аудитория бояд фаҳмо бошад. Мантиқӣ, мушаххас, дар шакли қулай пешниҳод шуданаш ва осон ҳазм буд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё