Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Масалан, мегўям, агар фоида медошт, хўрдани хамр-шаробро дини мубини ислом гунаҳ намешуморид. Дар илми тиб бошад, исбот шудааст, ки аз истеъмоли ҳамагуна нўшокиҳои спиртӣ пардаҳои луобии меъдаю рўда ба зудӣ даридаю аз ҳам гусаста, бо гузаштани 5-10 дақиқа ин заҳр ба таркиби хун ворид мешавад. Баъдан тавассути хун таъсири мадҳушкунанда ва зиёновари худро ба рагу пайванди асаб мерасонад. Аз ҳамин ҷо аввал одати майнўшӣ-кайфу сафо сар мешавад, сипас оҳиста-оҳиста ин одат ҷисму ҷонро батамом побанд мекунад, иродаро мешиканад ва дигар кас наметавонад маънии зиндагиро бе шароб тасаввур кардан, ки ин беморист, бемории хавфнок; суст шудани хотира, коҳиш ёфтани қобилияти зеҳнӣ, то ҳадди аз ақл бегона шудан, касалиҳои захми меъда, печиши рўда, қанднокии баланд, лахт-лахт шуда, аз кор баромадани ҷигар, гурда ва ниҳоят сактаи дил!,–инҳоянд шаммае аз оқибатҳои ногувори майпарастию бадмастӣ!. Наход, ту, Аскар, як одами хондагӣ, маълумотдор, бомаърифат, ҳамин чизҳоро нафаҳмӣ?
Наход, дидаву дониста ҷони худро дар азоб мононӣ?!
Наход надонӣ, ки сабаби асосии мутеъ шудан ба қаҳру ғазаб- оҷиз гаштани ақл аст ва таконбахши он, фаромўш накун, ҷўра!, ҳамин сабилмонда арақ, май, шароб аст ва бо феълу хўе, бо иродае, ки ту дорӣ, бояд аз он батамом бипарҳезӣ!.. Охир, ин одати шум, ин касалии майзадагӣ на фақат ахиран касро аз по меафтонад, балки дар пеши ёру рафиқ, ошнову бегона, ҳақу ҳамсояҳо, ҳамкорон, хешу табору наздиконаш беобрў, шармандаву шармсор, радди маърака мекунад!...».
Не, он бегоҳ, дар он раҳи дур ва он шаб, дар он фурсати қулайи тўлонӣ Сафарбек натавонист ин ҳамаро гуфтан. Натавонист дар гўши Аскар панду насиҳатҳо хондан дар шинохти худ ва шинохти зиндагӣ… Аз пайи андешаҳои печ дар печу бесару нўг якбора фикри дигаре ба сараш заду ҳаросон ҷониби дўкони машрубот нигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё