Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аскарро дид, ки ба назари ў, як хез зада, аз дари дўкон ба берун ҷаҳид ва ба пасаш нигоҳ накарда, дар як дам худро дар миёни раҳгузарон гирифт... «Хайрият-е!...»
Аммо дар гумони худ иштибоҳ карда буд Сафарбек.
Вай бори дигар ба раҳгардии Аскар чуқур зеҳн монду якбора дилашро воҳима зер кард: «Эҳ ана, Худо зад!
Нагуфтам?! Ҳай дареға!..».
Аскар дар миёни раҳгузарон каҷмакаҷ қадам монда, яктефа роҳ мерафт. Дар ҳар қадам бардоштан пойҳояш ба ҳам мепечиданд, ҳар замон кўл мехўрд ва боз калладав мерафт. Зўр зада сарашро мебардошт, боз мувозинаташро гум мекард, боз яктефа мешуд ва ҳар доим бори ҷуссаи на он қадар фарбеҳаш ўро ба як тараф мекашид. Як дафъа сахт калавида, қариб буд дар ҷўи сари роҳ ба даҳан мезад, вале ҳамон замон такяи даст ба дарахте ниҳоду истод. Каллаи гарангашро ҳар сў алвонҷ дода, дам гирифт, нафас рост кард, ба қавли худаш…
Ноилоҷ, заминро палмосида, дар рўи хоку чанги роҳ нишастанӣ буд, ки Сафарбек расида омад ва оҳиста даст ба китфаш ниҳод…
Ўро дар бағал бардошта оварду дар курсии қафои мошин хобонд, болини нарми пахтагинро, ки ҳамеша бо худ гирифта мегашт, дар таҳи сараш ниҳод, кўдаквор навозишаш кард: «Аскарҷон, Аскар хоб кун…».
Ҳамон шаб Сафарбек фаҳмид, бо чашмони худ диду бовар ҳосил кард, ки рост будааст шумхабари Ҳоҷӣ Камол. Ва аз байн рўзе чанд сипарӣ гашту шоҳиди фавти модари касалманди ў шуд ва баъдан огаҳӣ ёфт, ки акнун дўсташ батамом бекасу танҳо мондааст.. Касе надорад аз қавму авлоду хешу табор. На падараш ҳаст, на модар, на зану фарзанд, на акову додар, на апаву хоҳар. Худои мутаол ба вай осоиши рўзгор, бахту толеи некро насиб нагардонида будааст. Аз ин рў дилаш бештар сўхт ба аҳволи зори ў; акнун ба хулосае омад, пеши худ мақсад гузошт, ки то метавонад, то имкон дорад, ҳар лаҳзаву ҳар соату ҳар сония ҳамнишин, ҳамнафас, дилсўз, меҳрубон, хайрхоҳи Аскар бошад; то метавонад, танҳояш нагузорад, кўмакаш расонад, ҳолу аҳволаш бипурсад.

пешина
аз 208
навбатӣ