Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Он тарафтар, дар як кунҷак кати оҳанине бо курпаю болишти чиркину ифлос ба назар менамуд. Дар болои кат марде харобаи «пўсту устухон», ришу мўйлабаш давида, ба мисли ҷасади дар тобут хобида беҳаракат дароз мекашид ва чашмони дар косахонаи сараш фурўрафтаашро аз сақфи ҳуҷра намеканд.
-Устод, хезед, Ҳоҷӣ Сафарбек моро барои бурдани Шумо равон карданд,- болои сараш хам шуда, бошитоб ба забон овард Зумуррад.
-Ҳеъ! Ҳоҷӣ тўй дорад-чӣ?! -ҳамоно ноҷунбон, чашм аз сақф наканда ғурунгос зад «Устод».
-Ҳо, бале, тўй доранд гўем ҳам, мешавад.
Файзуллоҷон аз аскарӣ, хизмати Ватанро адо карда баргаштааст. Ба ҳамин муносибат Ҳоҷӣ маърака ороста, ният кардаанд, аввал туро, дўсти деринаашро хабар кунанд.
-Файзуллояш боз кӣ?!-писханд задагӣ барин лабонашро инҷ кард Аскар.
-- Файзуллоҷон-ҷияни амаки Сафарбек. Ин сў нигоҳ кунед, ўро мешиносед, ба фикрам.
-- Ҳа, ин ман,-акои Аскар,- бо умед ба вай чашм дўхта, сохтакорона сулфид Файзулло.-Дар ёд доред, бори охир дар Харангон, дар хаймаи геологҳо якҷо нишаста, хеле сўҳбат карда будем.
Аскар нохушона, базўр гарданашро тоб дода, рў гардонд:
-Ҳа, ин туӣ, «Нависанда?»-дар чашмони хаставу бемадори ў ифодаи нобоварӣ ҳувайдо буд.-Навиштанро ёд гирифтӣ, бача?!
Ин муносибати сарду хунук чун хоре ба дили Файзулло халида бошад ҳам, сир бой надод, лаб ба дандон газид ва худро бепарво вонамуд карда, посух дод:
-Каму беш ёд гирифтем, акои Аскар.
-- Чиро ёд гирифтӣ?!-чашмонашро ало кард Аскар ва аз ҷой нимхез шуда, пойҳояшро дар лаби кат дароз карда нишаст.-Хабар, мақола, мусоҳиба навиштанро, ё мисли дигарон мехоҳӣ яку якбора очерк, повест, румон «таълиф» карда, китобҳо чоп кунӣ?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё