Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ҳеъ, бача! Осон аст магар дарди дилу ботини касеро, ҳолати рўҳии бадбахту бечораҳоро ба тасвир кашидан?!.. Мана масалан, агар ин қадар орзуи адиб шудану «ҳунари нависандагӣ»
дошта бошӣ, ягон чӣ дар бораи ман навис! Дар бораи як бекаси майзадаи сари сақати ҷамъияти имрўза, дарди сари ин замона, ки ба ҳеҷ кас даркор нест!..
Дидагони Аскар ғарқи об шуданд. Вай муштҳояшро ба ҳам гиреҳ карда, сахт фушурду бо алам лагаде ба болин фуровард, онро чанг зада гирифт ва бошиддат як сў ҳаво дод.-Ҳеъ, сабил монад!
-Устод! Худро ба даст гиред,- даст ба бозувонаш ниҳода, ўро аз ҷой бархезонданӣ шуд Зумуррад.- Хезед, амаки Сафарбек роҳи Шуморо пойида нишастаанд!
-Ҳа, Ҳоҷӣ одами хуб аст. Ҷони одам аст дўсти ман- Сафарбек. Хаёл мекунам, ғайри ў касе нест дар ин дунёи буқаламун, ки маро одам шуморад! Ҳеъ, бар падари ин Дунё наълат!!!
-Хайр, хезед, Устод, ба хотири дўстатон, равем зудтар, ки агар ками дигар дер кунам, апаам маро пўст меканад!-бо илтиҷо гардан каҷ кард Зумуррад.
Боз писханди талхе дар лабони Аскар ҳалқа зад; вай чашмонашро бо нафрат танг карда, ба Зумуррад нигарист
-- Чӣ, аз апаат метарсӣ? Аз Гавҳари судхўр-а?
-Ҳам метарсам, ҳам ҳурмат мекунам апаҷонамро.
Охир, баъди аз олам рафтани очаҷонам вайро мо ҳама аҳли хонавода «очаҷон» мегўем.
-Эҳ! Медонӣ, ман ба Гавҳар чӣ қадар эътиқод доштам, вақте ки дар офтоби сўзони адир хишт мерехту хишт ҳисоб мекарду хишт мекашонд! Ҳоло бошад, моли бегонаҳоро якчанд баробар бо нархи гарон ба ҳамдиёрони худ мефурўшад, ба фоида фоида зам мекунад! Судхўр аст, апаи ту! Сарвату пулу моли зиёд ҷамъ карда, фукаш ба осмон расидагӣ! Одам мисли пашша метобад, дар назари Гавҳар!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё