Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
-Бубахшед, очаҷонамро ин қадар наҳ назанед, Устод!-бо алам гуфт Зумуррад.- Хафа мешавам!
-Ҳе, хафа шавӣ, шудан гир! Чӣ, ман аз ту қарздорам, ки аз хафа шуданат метарсонӣ?!! –Инро гуфту якбора дами Аскар дарун афтид. Ким-чӣ хел, хаёлолуд чашмонашро тангтар карда, ба сақфи ҳуҷра нигаристу бо оҳанги надомат суханашро идома дод.-Росташа гўй, Зумрат! Ҳамин хонае, ки ба ман додаед, аз они туст, ё аз Гавҳар?! Ба худо, аз Гавҳар бошад, худи ҳозир аз хона баромада меравам!
-Хайр, аз ҳар кӣ бошад, фарқаш-чӣ, Устод? Охир ману Гавҳар апаю хоҳарем! Мо ҳар ду ин хонаро ба Шумо бахшидаем…
-Ана ман хафа шудам! Сахт ғазабамро овардӣ, Зумрат! -якбора фарёд кашид Аскар.- Ту дурўғ мегўӣ, дурўғ!!! Ман медонам, агар зорию илтиҷои ту намебуд, апаи судхўри ноинсофат дар сад сол ин ҳуҷраро ба ман намедод! Гуфтам-ку, агар ин хона хонаи ҳамон биз-несмени ҳавобаланд бошад, туф кардам ба ин хона!!!
-Майлаш, туф кунед, агар ба хонаи худ туф карданӣ бошед!-бо овози гиряолуд гуфт Зумуррад.
-Э, рав, маро ин қадар насиҳат накун! ...-дар ҳоле ки чашмонаш суп-сурх аз косахонаи сараш зада баромада буданд, ситеза кард Аскар –Аскар мемураду бо судхўрони замона созиш намекунад, фаҳмидӣ?!-ва ҳамоно рў ба Файзулло гардонд.-Ҳа, ту ҳам фаҳмидӣ, журналист! Нависанда! Асар менависӣ?! «Қаҳрамон»
мекобӣ?! Ана ман «асар»! Ана ман «қаҳрамон!» Ана ман- образи таппа-тайёр! Манфӣ, дурушт, дағал!..
Метавонӣ, тамоми бадтарин хислатҳои одамиро номбар карда, ба ман часпонӣ: бадмаст, бадфеъл, бадҷаҳл, арақхўр, ношуд, дунёбезор! Навис: «кўҳнапараст!»
Намехоҳад, наметавонад бо ин ҷамъияти «нав», «демократӣ», «ҳуқуқбунёд», «дунявӣ» созиш кардан! Ба ин ҷамъияте, ки заминро, виҷдонро, нангу номусро, одамгариро, ҳама чизро ба савдо гузоштааст! Навис, ки Аскар ба ҳамаи ин капиталистон, империалистони навбаромад, ба ин ҳама нобаробарӣ, нобародарӣ, ноадолатиҳо нафрат дорад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё