Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

… Бидиду гуфт: «Эй, ин барзагавро
Маро бурдан зи дарди туст мушкил!
Занад шоху кунад оғуштаи хун,
Таҳи сум афканад дар хоку дар гил!
Ҳамон беҳ, ки маҳе макшой аз банд,
Мадеҳ кунҷора, то ояд чӣ ҳосил…»

Ба тадбир он падар бо гав чунин кард,
Расо як моҳ ӯро гушна парвард.
Ба ҳоли чорпои нозпарвар
Назар афкандаву афсӯс мехӯрд.
Яке аз ин амал дарёфт маънӣ,
Ва бозаш бар дари ҳамсоя овард.
Бигуфташ, эй чӣ панду ҳикмате буд,
Маро дар сина шуд аз он фузун дард…

Сабук хандиду гуфто он хирадманд,
Бирав, акнун, варо бикшой аз банд.
Ба коҳе аз пасат ояд, яқин аст,
Чунин аст, эй басо, дар зиндагӣ панд.
Ҳама ҳамсояҳо чун ман гувоҳанд,
Чу буққа парварӣ, эй дӯст, фарзанд.
Китобе ҳеҷ гаҳ нагрифта бар даст,
Сари мӯе ба дониш нест пайванд.
Ҳади нози писар донист бояд,
Бувад афзун туро дороӣ ҳарчанд.
Насиҳат беш кун, дороӣ кам деҳ,
Агарчанде ки ҷон асту ҷигарбанд…

ГАБР

Муслиме бо муслиме биншасту гуфт:
«Габрро оташ парастидан чарост?»
Гуфт: «Ўро имтиҳони дўзах аст,
Дар қиёмат чунки ҷо он ҷо варост».

пешина
аз 208
навбатӣ