Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
ОРИЯТ
Он яке ҳамсояро бар орият
Дод аспи хеш, он гаҳ лоф зад.
Гуфт: «Худ донӣ, манам ҳимматбаланд!
Моли дунёро нагирам дар писанд!
Бар, бубар, ҳар он чӣ бораш мекашӣ,
Сангу хоку коҳу хораш мекашӣ!».
Бурд он ҳамсоя в-он рўзи дигар
Ҷойи аспаш пеши ў овард хар.
Гуфт: «Инак, аспи ту лоғар шуда,
Бин, ки зери бори афзун хар шуда!..»
ГАДОИ ҲУЗАРБ
Раҳгузар марди гадое буд ҳузарб,
Кас набитвонист афтонаш ба ҳарб,
Рў ба рўям омаду гуфто: «Балам,
Хайр кун дар роҳи Аллоҳ аз дирам!»
Гуфтамаш: «Бахшам, валекин, эй падар,
Шарт бигзорам, ки чун ояд самар?—
Рустами дастон туӣ, гў, дар мисол,
Гўям ар Сўҳроб ман, н-ояд малол.
Пас, биё, ҳар дуи мо гўштӣ гирем,
Як-ду дар зери манаҳ муште гирем!
Зўр агар орам-т, даҳ сомон диҳам,
Зўр агар орӣ, бубахшӣ даҳ дирам».
Пас, гузашту аз барам хомўш рафт,
Бар карӣ андохта ду гўш, рафт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё