Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Эй басо аз қаҳри Баҳр огоҳ буд,
Эй басо бар қаър ўро роҳ буд.
Борҳо бас ғарқи дарёгаштаро
Вораҳонидаст аз сели бало.

Ёдаш омад: кўдаке заврақсавор,
Ҳамчу мавҷи шўх бесабру қарор,
Бар шинову сайри дарё дошт шавқ,
Дасту почак мезаду мебурд завқ.
Бас дар он саҳрои оби беканор,
Бо қайиқи худ ба ёди рўзгор,
Қутти худ меҷуст аз баҳри дамон,
Баҳр мебахшид ризқаш ройгон.
Субҳ то бегоҳ андар заврақаш
Моҳие мебурд аз дарё ҳақаш.
Ҳадди ризқи хештан медошт пос,
Баҳрро мегуфт сад шукру сипос.
Ҳар замон банди хаёли дур буд,
Аз ғаме ошуфтаю ранҷур буд.
Зору танҳо худ ба худ мегуфт роз,
Мешнавид аз хештан, мегуфт боз:
«Оҳ, бишнав, чун талотум мекунад,
Бо нидояш ёди мардум мекунад!
Оре,оре, рў ба ҳақ овардааст,
Бас дилам бо сўҳбаташ хў кардааст!
Во дареғо, то зи ҷаҳлаш вораҳем,
Кай зи асрори ниҳодаш огаҳем?!
З-олами андеша дорам ҷустуҷў,
Нохудову киштиҳои қаъри ў.
Шояд андар борашон тасхир буд?
Нохудошон марди бетадбир буд?
Пеши чашмонанд ҳар дам ҷилвагар,
Косаи чашмонашон ғарқоби зар.
Баҳрро огоҳ гаштам ҳар қадар,
Он қадар мондам зи розаш бехабар.
Чист ин Дунё? Бувад Дарё бузург,
Ҳастии ўро бувад маъно бузург,

пешина
аз 208
навбатӣ