Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз муҳаббат мавҷи тўғён дар дил аст!
Кист мардум? Баҳри бепаҳно шумар,
Гоҳ хомўш, гоҳ пурғавғо шумар.
В-он салотин Нохудо мехону бас,
Тахти султонӣ Сафина дону бас.
Ин ривоят аз забони мардум аст,
Қиссае андар миёни мардум аст.
Ҳарфи мардум фош гуфтан саҳл нест,
Гўши кас ар бар шунуфтан аҳл нест.
Фош гўям низ, кай ояд халал?--
Ҳусни маънӣ мефизояд аз масал.
Аз каромат килки ман ғаввос шуд,
Баҳрро ҷону дилам анбоз шуд.
Ў магар майлу муроди дил шунид,
К-- ин нидо аз қаър бар гўшам расид:
«Симу зар бахшам, бигир аз қаъри ман,
В-ар нахоҳӣ, бахшамат дурри сухан.
Аз маъонӣ ганҷҳо дорам ниҳон,
Гар талаб дорӣ, бубахшам ройгон.
Қиссаҳое, к-аз ниёкон хуфтаанд,
Гуфтаю ногуфта—дурри суфтаанд».
Рўй овардам бар он Баҳри дамон,
Аз Худо кардам талаб табъи равон.
Синааш бикшод, пас, Дарё маро,
Ин ривоят гуфт аз ногуфтаҳо,
Аз Сафина, аз Худу аз Нохудо
То барам наздик бар нашнуфтаҳо:

1

Буд шиновар Баҳрро дар соҳиле,
Бел мезад заврақаш соҳибдиле.
К-ў Худохоҳу Худоогоҳ буд.
Марди дарёдида, як маллоҳ буд.
Низ як соҳибҳунар-ғаввос буд,
Ҳамҷавори Баҳр аз оғоз буд.

пешина
аз 208
навбатӣ