Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

То тавон ўро ба як дам пора кард,
То тавонаш мискину бечора кард.
То варо қурбони кўҳи хора кард,
Ё кафи селобаи овора кард!..

Лек, то он киштӣ гардад сарнагун,
Ҳар дам аз гирдобҳо омад бурун.
Бори ў бар дўши Баҳр омад гарон,
Чунки бораш симу зар буд ройгон.
Бекарон будаш зи бори ҳирси мол,
Бори кибру ҳашмати ҷоҳу ҷалол!

Аз набарди хеш чун ноком шуд,
Баҳр ғурриду яке ором шуд.
В-он фазои пурталотум, каб-кабуд
Ногаҳон афтод дар бори сукут.
Нохудо фарёдкаш, мағруру маст,
Гуфт: «Бар тўфони Нўҳ омад шикаст!».
Ҷамъи он киштисаворон орамид,
Шўъла зад дар дидаҳо барқи умед.
В-андар он киштӣ ба по шуд базму сур,
Бар фалак печид оҳанги сурур.
Камтар аз дарё набуд он ҷо шароб,
Хўрданиҳошон ҳама нуқлу кабоб.
Соғарон дар даст, аз худ бехабар,
Фитнаҳо мерехт бар ҷонҳо шарар.
Нохудо омад, кулаҳ аз сар гирифт,
Бар сухан гуфтан паси минбар гирифт.
Гуфт: «Он-бар рағми мо бархост, кист?!
Пеши мо ин баҳр беш аз ҷўй нест!
Гирдгардон обаки шўх асту бас,
Рўйи мавҷаш давдавон хошоку хас.
Обаке аз зону болотар нашуд,
Киштии моро кафи по тар нашуд.
Заврақе, шояд, нагун кардан тавон,
Киштии мо баркашид ўро инон!..».

пешина
аз 208
навбатӣ