Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Баски дарё бишнавад арзу ниёз,
Мардумӣ гўяд ба дарё хобу роз.
Чун туӣ аз рози дарё бохабар,
Бар саворон раҳнамо шав дар сафар.
Киштиро кардан идора боядат,
Аз баландиҳо назора боядат.
Бигзарем аз сели тўфон ончунон,
Ҷони мову киштӣ бошад дар амон».
Инак, ўро Нохудое хостанд,
Тахтро аз баҳри ў оростанд.
Мавҷ он гаҳ домани соҳил гирифт,
Киштиро бардошту аз гил гирифт.
Аз раҳи тамкин варо мебурд пеш,
Бо ҳама бори гарон бар души хеш…
Баҳр бо амри Худо ором шуд,
Он саворонро аҷаб бар ком шуд.
Гарчи дарёи равон коҳида буд,
Қатра-қатра, зарра-зарра мефузуд.
Баҳр-Модарро ба ҳукми рўзгор
Карда буданд аз бағал рўзе фирор:
Сели дарёҳову наҳру ҷўйбор,
Обҳои беғубори чашмасор,
Рўдҳои беқарори кўҳсор,
Аз парешонӣ ба ҳам боз омаданд,
Мавҷ андар мавҷ дамсоз омаданд.
Абри найсон бар сараш борон фишонд,
Оби лутфу раҳмату эҳсон фишонд!
Мардумон гўянд: «Ҳар оби пареш
Бозгардад бар макони асли хеш,
Ҳақ расад ҳақдорро, охир, мудом!
Аз Худо уммед! Омин! Вассалом!!!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё