Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
*Подшоҳро ончунон мадҳу ситоиш карданд, ки Худо аз яккаву ягона будани худ шарм дошт.
*-- Навис: «Во дареғо, во ҳасрато!!! Мо ба ин дунё чаро омадаему куҷо меравем?!»
-- Навиштам.
-- Хат зан!!!
*Маро маъзур доред, ки табиати чор фасли сол дар ниҳоди ман ғунҷида. Зеро ки Инсонем, нусхае аз Табиат, ки Худойи мутаол офарида!
*Ман ба китобхона даромадам,
Ӯ (мансабдор) вориди тарабхона шуд.
Ман китоб кушодам, ки ҳама дунёи маъонӣ буд: андарз буду панд буду ҳикмату насиҳат…
Ӯ хон баркушод, ки ҳама анвои хӯрданӣ буд: қайлаву
палаву газаку кабобу шароб…
Ман сафҳа варақ задам,
Ӯ даст бар табақ зад…
Ду чашми азизи ман рӯи калом медавид,
Ду чашми ҳариси ӯ сӯи таом медавид…
Ман ақл пур мекардам,
Ӯ шикам пур мекард…
Ман мехондам,
Ӯ мехӯрд…
Ман мехондаму мехондаму мехондам,
Ӯ мехӯрду мехӯрду мехӯрд…
Ӯ ба ҳоҷатхона даромад,
Ман боз вориди китобхона шудам…
*Ҳар гоҳ ки вориди масҷид шавад, сар ба саҷда фуруд оварда, дар назди Худо муши мурда аст. Чун аз масҷид бурун омад, калламушеро мемонад, ки сад анборро оташ мезанад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё