Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
*Ў ҳар дафъа аз ҷонамоз дастархон мекушод. Ва болояшро бо шаробу кабоб зиннат медод.
*-- Намоз мехонӣ?
-- Бале.
-- Чанд сура азёд медонӣ?
-- Ягонто!
-- Пас, дар рўйи ҷонамоз нишаста, чӣ мехонӣ?
-- Бо Худо сўҳбат мекунам…
*Замона дигар гашту ў тарки ҳофизӣ кард ва қории
Қуръон шуд.
*Чӣ шиква барам аз он ки маро намешиносанд, вақте ки ҳанўз худро нашнохтаам.
*Номзади фанҳои филологӣ мақсад гузошт, то касби худро дигар кунад. Довталаби факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи олӣ шуд. Аз иншо баҳои 2 гирифт.
*Ман дар хоки замин нишаста, мегўям: «Ман медонам!» Ў дар авҷи само нишаста мегўяд: «МАН медонам!»
Баҳси мо беохир аст.
*Дар баҳси ману дўст мувозинат риоя намешуд: Вай ба хотири дўстӣ орому ботамкин ҳарф мезад. Ман баракс, ҳар лаҳза девонаавзоёна барошуфта, доду фиғон мебардоштам.
Бақои дўстии мо зери шубҳа аст.
*Ҳар қадар бузург гардӣ, ҳамон қадар доғи гуноҳат аён мешавад.
*Дар умрам бори нахуст дар сафи пеш ҷой гирифтаму Вазир дар паси ман нишаст.
Он сафи намозгузорон буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё