Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Заҳмати гароне дошт он зан, ки дили кас месўхт ба ҳоли зори вай. Ҳар навбат аз хиштҳои вазнини дар замин рехташуда, ки ҳар кадоме ба тахмин 10-15 килогӣ вазн дошт, камаш 6-8 донагӣ дар бағал гирифта, базўр мебардошт ва дам нагирифтаю кўз-кўз қадам монда ба гўшае мекашонд, ки он ҷо хиштҳо ғарам чида шуда буданд. Чеҳраи дилгиру хаста, мўйҳои сап-сафед гардолуди титу пареш ва рўймоли ба як тараф каҷшудаю хамидаи ўро аз дуртар бараъло мушоҳида кардан мумкин буд. Ба кору бори ў бодиққат зеҳн монда, дар ҷойи нишасташ беқарор шуд Аскар. Оҳи бадарде аз дил бароварда, даст ба китфи Сулонзода ниҳод, ба сўйи худ кашид, сахтакак афшонд.
-- Ҳей, устод! Бубинед! Нигаред, ба ҳоли зори занони деҳоти мо, ки чӣ рўзи сиёҳе доранд! Бори рўзгори имрўза маҷақ кардааст онҳоро! Зани тоҷик хишт мерезад, хишт мекашонад, хишт тал мечинад! Эҳ, с-сабил монад ин зиндагӣ!!!
Султонзода ду чашм аз роҳ наканда, бепарво мошин меронд.
-- Ин зан ба ту кӣ мешавад?.—ба қафо рў тофта, пурсид Аскар аз Зумуррад.
-- Баъд мегўям,-- бо овози гиряолуд гуфт Зумуррад ва гардан каҷ карда боз ба Султонзода муроҷиат намуд: —Илтимос, муаллим, маътал накарда, зуд гузашта равед!»
Дар ин дам мошинро аз дур дида, зани хиштрез гарди доманашро саросема афшонду рўйи роҳ баромад.
Пайи ҳам маротибае чанд бо даст ишоракунон мошинро маътал карданӣ шуд. Аммо Султонзода суръати ҳаракатро суст накард. Хоку чанги роҳро ба ҳаво хезонда, гузашта рафт.
Аскар аз ин рафтори онҳо сахт дар ҳайрат, балки дар ғазаб афтода буд. Норозиёна ба Султонзода, сипас ба Зумуррад нигарист, ки акнун сарашро боло бардошта, нигоҳҳои тираи ғамзадаашро боз ба пеш андўхта буд.

пешина
аз 208
навбатӣ