Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агарчанде мошин масофаеро чанд дуртар аз зан тай карда буд, Аскар тоқат карда натавониста, сар аз кабина бароварду баланд овоз дод:
-- Меоем, апа! Ҳозир бармегардем!
Султонзода акнун суръати мошинро каме сусттар карда, нафаси сабук кашид:
-- Хайр, ана, шогирд! Хоҳишатро ба ҷо овардем!- ними рўяшро гардонда гуфт ба Зумуррад.
-- Ман ба ҳеҷ чиз сарфаҳм намеравам!-- бо ситеза гуфт Аскар.—Шумо, чаро ин корро кардед?! Чаро наистодед, як зани бечораро ноумед карда? Акнун ба ман фаҳмон, Зумрат, ба суолам ҷавоб деҳ, ки ин зани бечораи бадбахт ба ту кӣ мешавад?
-Апааш. Апайи калонияш,-- ба ҷойи Зумуррад кўтоҳ посух дод Сайид.
-- Хайр чӣ?—ғурунгос зад Аскар.—Меистодем! Дар мошин ҷой ҳаст, савораш мекардем! Ё, апаат мор газиданатро нафаҳмад, гуфта, наистодем? А, Зумрат? Э, кори хуб накардӣ! Акнун, ҳоли ҳозир аз касе пурсаду асли воқеаро фаҳмад, баъд чӣ мешавад?! Медонӣ, хуни ҷигар мехўрад, бечора фарзанди падарат!
-- Бас кунед, акои Аскар! Нагўед, гапам намефорад!—Оби даҳони хушкидаашро базўр фурў бурда, илова кард Зумуррад:-- Охир, апаам бояд ҳарчи зудтар хиштҳоро тал чинад…Мефаҳмед?! Ҳамин бегоҳ барои бурдани хиштҳо мошин меояд…
-- Ҳа…Фаҳмо… Бубахш… Лекин ту ғам нахўр, Зумратҷон. Ҳамин ки туро ба касалхона бурда хобондем, мо зуд бармегардему ба апаат ёрӣ мерасонем.
Ҳамакаса, Ману Сайид, боз ана он Усмону Қодирро оварда, ҳашар мекунему худо хоҳад, дар як дам хиштҳоро тал мечинем ва дар мошин бор мекунем. Чӣ гуфтӣ, Сайид?
Сайид, ки Зумурради беҳолу бемадорро дар бағал кашида, аз рўи одат ғарқи андешаю хаёлот, ба сўҳбат ҳамроҳ намешуд, миннатдорона бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд.

пешина
аз 208
навбатӣ