Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Дар ин дам шубҳае дар хаёлоти Гавҳар пайдо шуду чун тир дилашро пора карда гузашт. «Эҳ, Худо нишон надиҳад! Тавба кардам!» –Ў гиребонашро дошта, зери лаб чанд бор «Астағфрилло!» гуфт.
Баногаҳ телефони мобилӣ ба ёдаш расид, ки дар ковокии ғарами хиштҳо ниҳода буд. Онро гирифта саросема занг зад. Пайи ҳам ҷирингоси телефон шунида мешуду касе посух намедод. Дили Гавҳар батар тагурў шуд. «Ҳамин саҳар бо вай гуфтугў карда будам. Телефонаш соз буд! Эҳ, сабил монад, рақами телефони Санавбару дигар ҳамкурсонаш, ё ҳамин муаллими геологҳо, номаш чӣ буд?... С-сабил монад, Султонзодаро ҳам фаромўш кардаам!»
Аз миёни он ҳама андешаҳои бесару нўг гумони мудҳише ўро сахт метарсонд, ки мехост ҳарчи зудтар онро аз сараш дур афканад: «Куртаи чити гулдор дошт он зан? Чунин куртаро ҳаргиз дар тани Санавбар надидааст! Эҳ, Худо кўрам кунад, агар куртаи хоҳаракамро нашиносам! Хезаму доман барзада сари ёла равам-чӣ?»
Сараш ғуввос мезад. Дасту пойҳояш мадори ҳаракат надоштанд. Такяи даст ба зонувонаш ниҳода, аз ҷой бархостанӣ шуд. Натавонист. Гўё дар замин мехкўбаш карда буданд.
Не, тан намедод ба ин ҳама ноумедиҳо Гавҳар, ки мислашро дар зиндагӣ на як бору ду бор дидаву пушти сар кардааст. Ин дафъа тамоми қувваташро ғундошта, зўр зада аз ҷой бархост. Бархосту якбора калавида пуштнокӣ рафт.. Чашмонаш сиёҳӣ зад.. «Наметавонам, аз афташ! Ҳангу фараам батамом кандааст! Эҳ, Худоҷон-е! Чӣ кор кунам?!».
Сари зону дар замин нишаст. Дар пешаш хиштҳои калон-калони хушкида қатор чида шуда буданд. Даст ба онҳо бурд. «Як, ду, се, чор, панҷ, шаш. Бас! Аз он зиёд зўрам намерасад!» Дар бағал гирифт он хиштҳоро.
Бардоштанӣ шуд. Зўраш нарасид. Кам кард. То ҳадде ки ҳамагӣ ду дона монд. Дар бағал гирифту бо эҳтиёт қадамзанон ҷониби ғарами хиштҳо раҳсипор шуд. Хишт болои хишт гузошт, нафас рост кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё