Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ниҳоят, ғайри чашмдошти ҳама аз даҳони Зумуррад ҳамин ду –се калима, кандаканда баромад:
-- Не, маълим. Язнаам дар Россия зан гирифтааст.
Вай дигар намеояд…
Гавҳар ба димоғи сўхта дуру дароз аз ҳаракати мошин чашм наканда, оҳи сарде кашид. «Эҳ, чаро наистод?
Аҷабо… Охир, зиёд маъталаш намекардам! Як даҳан гап доштам. Мепурсидам, ки фардо нонро соати чанд бипазам?»
Побанди хаёлот ва шубҳаю гумонҳо дуртар рафта, дар рўйи хиштпорае нишаст. «Оё вай ҳамон муаллими геологҳо буд? Ё саҳв кардам? Не, мошини ҳамон буд! Худашро ҳам чаро нашиносам? Чанд маротиба савори мошин, барои бурдани нон ба хонамон омадааст! Як марди такаббуре ки!… Ин мард, аз чӣ бошад, ки аз рўзи аввали диданам ба ман нафорид! Афташ хунук менамояд дар назарам. Ҳеъ! Як дам маътал мешудӣ, мемурдӣ?! Писанд накард як беваи бечораи муштипарро! Садқаи одамгарӣ шавӣ!»
Вай рўймолашро аз сар гирифта афшонд. Аз ҷой бархоста гирди сар маҳкамтар баст. Ҳалқаш хушк шуда буд. Аз сояи ғарами хиштҳо машки пуробро гирифта, чанд қулт нўшид.
«Хайр, меоям гуфтанд-ку! Боз чӣ мехоҳӣ?.—Ин дафъа худро маломат кард Гавҳар.—Наистода тез гузашта рафтанашон бесабаб набудагист? Он марди дар бараш нишаста, ки «меоем», гуфта овоз баровард, кӣ буд? Ба назарам шинос менамояд? Шояд ягон кори зарурашон баромадааст, ки ин қадар тез гузашта рафтанд! Шояд ягон касалиро мебурданд? Ягон занро дарди кўдакаш гирифтааст, аз афташ. Бале, дар қафои мошин зане бо сари хам, дуқат шуда менишаст! Кӣ бошад? Аз кадом деҳа аст ў? Дар сар кўлоҳи геологӣ дошт ба назарам?..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё