Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин пирамарди хираи қоқи девонаавзоро, ки на танҳо ман, балки ҳамаи занҳои гирду атроф аз рўи шуми ў безоранд! Даҳанаш бўйи ҳафт хар мекунад! Ба ҳар зане, ки рў ба рў ояд, бо гапҳои бадбўяш даррав ба ў дармеафтад: «Маро намегирӣ? Шукри худо, Макатуллоро зиёрат карда омадаам. Ҳоҷиям. Пулу молу давлату савлати зиёде дорам. Ҳар зане, ки завҷаи ман шавад, иншооолоҳ, хору хазон шудан намемонамаш. Рў-рўи даст мебардорамаш!..».
Ба Гавҳар хеш мешуд ин пирамард. Ба қавле, язнааш мешавад, шавҳари духтари амакаш- худораҳматӣ Моҳитобон. Аз як гўшаи дури Тоҷикистон, аз як деҳаи назди сарҳади Афғонистон омада, (гўё дар ин ҷо шўйро каҳт зада бошад!) духтари парӣ барин хушрўи варзобиро хостгор шуд. Моҳитобон аз ин мард 30 сол хурд буд.
Ў намехост бо марде, ки ҳамсоли падараш аст, сар дар як болин монад. Пулдору молдор гуфта, як-ду нафар авлодони ў, ки дар Харангон зиндагӣ мекунанд ва қадрдони амаки Гавҳаранд, ба миёна даромада, зўран бо вай хонадораш карданд. Моҳитобон аз талхии зиндагӣ, аз тақдири бадаш хору хазон шуд, силкасал шуд. Баъди як соли хонадорӣ аз олам гузашт, бадбахт.
Ин пирамарди беимон аз марги ў парво надорад. Ба ҳар касе, ки аз завҷааш пурсад, бепарво посух медиҳад:
«Мурд, исқотӣ. Худо барвақт ҷонаша гирифт!». Ана ҳамин тавр, нисбати одамон, дар ҳар гапу кор ҳамин як суханро ба оҳанги дурушту дағал ба забон меорад, ки аз шуниданаш нафрати кас меояд: «Исқотӣ!» Аз ин рў, ба вай лақаби муносибе додаанд: «Камоли Исқотӣ».
Ҳоло лақабаш «Ҳоҷӣ». Ҳоҷӣ Камол ном гирифтааст ба худ. Садқаи номи ҳоҷӣ шавад! Дар асл як кофири беимон аст! Писаронаш, ки ба қавле «пулро бо сари панҷшоха меғундоранд», ўро ба ҳаҷ фиристоданд. Аммо дар асл ин пирамард аз таълимоти дини мубини ислом ҳарферо намедонад!..
-- Ҳе, занаки ҷонсахте! Ҳе, исқотие!—нигоҳҳои бефарқи худро ба Гавҳар дўхта, бо тамасхур лабонашро каҷ кард Камол.—О, ин коре, ки ту мекунӣ, миёни даҳ бузбаларо мешиканад!

пешина
аз 208
навбатӣ