Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Биё, маро бигир. Ба худо, ба тую сағираҳоят саробонӣ мекунам.
Гавҳар бо илтиҷо ба вай рў гардонд:
-- Амаки Камол! Дар пеши потон бимирум! Худо баракат диҳад, ягон мошинро қарор кунед, ҳарчи зудтар ба Душанбе рафтан даркор!
Пирамард дастонашро дар пешонӣ соябон карда, нохушона болою пойини роҳи мошингард чашм давонд. Дар домани дашти беодам гармсел мавҷ мезад.
Як гурўҳ писарбачаҳо, ки бо харҳо ҳезум мекашонданд, аз қад-қади роҳ мегузаштанд.
-- Э мошин ай куҷо!— лоқайдона посух дод ў.—Дар ин гарми рўз, дар ин дашти тафсон, исқотӣ, ҳатто пашша пар намезанаду! Ту сабр кун, зуд ба қишлоқ рафта, мошини худама меорам. Ба шарте ки…
-- Нагўед, амак, дар ин лаҳзаҳо, ки дилам сиёҳ аст!
Аз ғаму ғусса хуни ҷигар мехўрам! Ба ҷойи падарам бошен! Худо инсоф диҳад Шуморо! Ба ҳоли мани муштипар раҳм бикунед, нигаҳ доред ягон мошина!
-- Э, ҳа!—мад кашида гуфт Камол.—Медонам, ки касал шудӣ, аз кори вазнина! Лат хўрдааст миёнат, исқотӣ, аз бори гарон бардоштана! Мехоҳӣ балниса биравӣ! Ҳеъ! Мемурӣ кадом рўзе, аз ин азобе, ки ту дорӣ ва касе ба додат намерасад! Ба никоҳи ман даро, шоҳдухтар барин зиндагӣ мекунӣ!
Гавҳар тобу тоқаташро аз даст дод.
-- Бирав,-- дод зад ў.-Гум шав аз назарам, пирхари гўрсўхтаи беимон! Мон, дар ҳамин дашти бесоҳиб бимираму рўйи хунуки туро набинам!
-- Хайр, ихтиёрат! Ба падарат рафтаӣ, исқотӣ! Падарат Мармари сурх буд, сип-сиёҳ шуд вақти мурданаш!
Дами ҷон ба ҷаббор супурданаш дар болои ҷасадаш будам!
Вай асояшро аз ҳалқаи дастон кушода, бо нўги он заминро хат кашид ва ба пасаш нигоҳе наафканда, зери лаб ғурғуркунон гузашту рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё