Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Нобоварона ба қадду басти ҳар яке ба навбат зеҳн монд. Дар чеҳраҳои онҳо аз ташвишу изтироб дида, бештар ифодаи эътимоду боварӣ таҷассум меёфт. Дили Гавҳар каме ҳам бошад, таскин ёфт.
-- Хезед, апаҷон, доманатон хоколуд шудааст.
Аз дасти ў гирифта аз ҷой бархезонд Усмон.
—Балниса бурданд ўро?—саросема пурсид Гавҳар ва худ посух дод:-- Дидам. Дар мошин аз пешам гузашта рафтанд. Наистоданд, ки хоҳаракамро бубинам…
Ўро боз гиря гулўгир кард. Гапи бисёре, суолҳои зиёде дошт, аммо натавонист гуфтан ба ин ҷавонон, ки ҳамсабақҳои Зумурраданд.
-- Апа, ба мо занг зада гуфтанд, ки хишт кашонем, ба Шумо ёрӣ расонем.—гуфт Қодир.
-- Кӣ гуфт?
-- Устодамон Султонзода, -фаҳмонд Усмон.- Ҳамкурсамон Сайиду акои Аскар. Маслиҳат доданд, ки «шумо кор карда истед, мо даррав расида меоем».
-- Хоҳарам худаш бо шумо гап зад? Ҳар қадар занг мезанам, ҷавоб намедиҳад...
-- Дугонаи ман, Худо хоҳад, ҳамин лаҳзаҳо расида меояд.—гуфт Санавбар.-- Шумо ҳеҷ хавотир нашавед.
Гуфтам—ку, дугонаам сиҳату саломат аст. Ўро дар касалхона нахобонда, ҷавоб доданд.
-- Дар забонут садқа, хоҳарҷон!—оби чашмонашро дошта натавониста гуфт Гавҳар ва хам шуда, як мушт хоки хишти шикастаеро дар каф гирифт. Ҷавононро сахт дар ҳайрат гузошта, дар дидагонаш молид. Хоки бо ашк омехта рухсораҳояшро лойолуд кард; чеҳраи бе ин ҳам тираю дилгири ў тиратар шуд. «Ай Замини пок!
Ай хоки муқаддас!—гириста истода ба забон овард ў.— Ҳазорон шукр аз ту, ки бо амри Парвардигор ба доди мани муштипар расидӣ! Агар аз ин ҳама неъматҳои каму беше, ки насиби ризқу рўзиям кардаӣ, ношукрӣ кунам, бимон, ки кўҳрӣ шавам! Эҳ, чӣ розе дар ту ниҳон аст, эй Замини бузург, ки онро Худои мутаол медонаду бас!.. Бо амри Парваридгори раҳим ҳар чи ки аз ризқу рўзӣ, шодию ғам дар тақдири мо, бандагон кашида шуда бошад, ҳамонро мебинем…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё