Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

II

Заминшиносон дар як гўшаи зебоманзари домани дара хаймаҳо зада буданд. Дам ба дам насими форами кўҳистон вазида, ба дилу ҷон ҳаловат мебахшид. Накҳати гулу гияҳҳои адир димоғро муаттар месохт. Аз чор тарафи хаймаҳо пуштаҳои сабзу хуррам, бо дарахтони сарву санавбар, туғу арча, олучаю бодом ва буттаҳои настаран назаррабоӣ мекарданд. Дарёчаи обаш софу зулол шилдирросзанон аз канори қароргоҳи муваққатии геологҳо мегузашт, ки қад-қади дара ҷорӣ шуда, деҳаву боғоти мавзеи Харангонро шодоб менамуд.
Султонзода дар сояи салқини чаҳорбоғи лаби дарё, болои ду қабат бистари мулоим, такя бар ду болини фаххак ниҳода, пойҳояшро баҳузур дароз карда менишаст. Рўзномае дар даст, бепарво варақ мезад. Дар наздаш, дар рўи дастурхон чанд пора нону косае ҷурғот ва як шиша шароб бо газакаш меистоданд.
Онсўтар, дар канори дарёча бо гулхани баланд барафрўхта алови оташдон месўхт. Санавбар кафгир ба дег зада, саргарми пухтупаз буд. Мўйҳои ҳалқаи гирди сар печонидаву бо як пора матои чити гулдор баста ва рухсораҳои аз гармӣ тафсидаву арақшораш ба вай аҷаб ҳусне ато карда буданд! Ў кундаи даргирони таги дегро ақиб кашид, бошитоб ҳезумҳои шикастаашро аз даври оташдон ғундошта, дар як тараф ниҳод. Бо ҳамон чолокӣ сатилро гирифта, ба сўйи дарёча равон шуд.
Султонзода лаҳзае чанд рўзномаро мутоила карду як сў гузошт. Даст ба шишаи шароб бурд. Як ҷуръа дар пиёла рехту нўшид. Порае помидор аз газак гирифт, бў кашид, газиду фурў бурд. Ҳамон дам Санавбар дар як лаълӣ қайла оварда наздаш гузошт.
-- Марҳамат, устоз, нўши ҷонатон шавад!

пешина
аз 208
навбатӣ