Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ана ҳамин хел як хислати кунҷкобӣ ҳам дорад Аскар. Чун ба коре, ё фаҳмидани ҳодисае қасд кард, то дар бораи он маълумот пайдо накунад, ором намегирад. Шояд саргузашти тирае дорад Гавҳар, ки Аскарро ин қадар ба нангу ғазаб овардааст, нафраташ ба ҷомеаву одамон дучанд гаштааст. Дар чунин лаҳзаҳо ҳамин тавр, сахт ба эҳсосот дода мешавад ў. Бешубҳа, Аскар аз гилагузориҳову дашному ҳақоратҳо бисёрҳо ба забон меовард, агар Ҳоҷӣ Камолро намедид. Ҳоҷӣ Камол дар он лаҳза локӣ дар сари китф, аз лаби дарёча бармегашт. Усмону Қодир раҳи ўро пойида ба намозхонӣ тараддуд медиданд.
Аскар ўро дидан баробар каҷмакаҷ ба сўяш қадам ниҳода раҳораҳ, дар ҳолате ки аз ғазаб дандонҳояшро ғиҷҷиррос мезанонд, овоз баланд кард:
-- Ҳей, Исқотӣ!.. Ин ҷо биё!
Аз ин муносибати Аскар ҳама аз тааҷҷуб карахт шуд. Балки Султонзода сахт тарсида, саросема ҷаста аз ҷой бархост. Тўли як ҳафтае, ки бо ин пирамард шинос шуда буданд, ҳадди касе, ки ўро дар ҳузураш бо ин лақаб ном бубарад! Ғайри Аскар, ҳама, аз ҷумла Султонзода, дар ҳузураш ўро хушомадгўёна Ҳоҷӣ ё Бобои Камол мегўянд. Дар бораи «Исқотӣ» лақаб доштани ў бошад, дар рўзи аввали бо ин мард вохўрданашон ҳамин Аскар гуфта буд. Он рўз баробари дидани ин мард-ин меҳмони нохонда табъаш хира шуда, зери лаб ғурунгос зада буд: «Ҳеъ! Ин Исқотӣ боз аз куҷо пайдо шуд?!» Ва ба шариконаш кўтоҳ шарҳ дод: « Афсўс, вай бо ман ҳамдеҳа аст…ҳамшаҳр, ба қавле…».
Ҳоло акнун ба авзои ҳар ду нигариста, Султонзода ҳаросон бо худ чунин тасаввур мекард, ки онҳо ҳамин лаҳза ё лаҳзаи дигар муштогиребон мешаванд. Аскар хурўси ҷангараро мемонд, ки мехоҳад ба гурбае ё саге дарафтад. Чашмони Ҳоҷӣ бошад, аз косахонаи сараш баромада буданд.

пешина
аз 208
навбатӣ