Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Лабонаш аз ғазаб пир-пир мепариданд.
-- Ҳой, ту чиҳо гуфта истодаӣ, Аскар?!— ниқорталабона пеш омад Ҳоҷӣ Камол.—Ба даҳонат нигоҳ карда гап зан!
-- Ҳеъ, ту исқотӣ будаӣ, боз чӣ мегўӣ! Исқотӣ набошӣ, барои чӣ ҳар доим ва дар ҳар куҷо модарону хоҳарони моро ғайбату таҳқир мекунӣ-а?!
Аскар инро гуфту муштони гиреҳашро боло бардошта, ба таҳи манаҳи Ҳоҷӣ Камол даромад. Ҳоҷӣ Камол аз таҳдиди ў тарсид магар, ки ҳамоно худро қафо кашид.
-- Паҳ! Ин қадар бўй мекунӣ, ҳамшаҳр! –аз ғазабу хиҷолат сурх шудаю баҳонаҷўёна ба забон овард ў.—Э, бирав, ки бенамозам кардӣ!
-- Н-намоз мехонед?—бо тамасхур гуфт Аскар.— Ҳеъ! Майлаш бирав, намозатро бихон! Ҳамин ки аз хайма баромадӣ, нагурез! Биё, ба ту гап дорам!
Аз даруни хайма овози баланди ширадори Усмон баромад, ки иқомат гуфта, ба намози шом даъват мекард:
-- … Аллоҳу Акбар! Аллоҳу Акбар! Ло илоҳа иллалоҳ!!!
Ҳоҷӣ Камол бо димоғи сўхта пешопеш, Қодиру Сайид аз паси ў вориди хайма шуданд. Аскар ҳанўз чашмони масти ғазаболудашро аз онҳо наканда, зери лаб ғурунгос зад:
-- Ҳеъ! Гўё ки Худо ба саҷдаи дурўғи онҳо зор бошад!
Нобоварона сар ҷунбонд ва сахт даст афшонду пас гашт.
Бе ин ҳам алами зиёде дошт дар дил Аскар, тайи он як ҳафтае, ки бо Ҳоҷӣ Камол ғайричашмдошт дар ин мавзеъ дучор омада буд. Ва тайи ин ҳафта ҳар гоҳе ки бо вай рў ба рў мешуд, хотироти гузашта дар сар, аламаш дар дил рў мезаданд. Бале, ҳамшаҳр, ҳамдеҳаанд онҳо. Ҳар ду дар деҳае зиндагӣ мекунанд, ки аз ин ҷо, аз Варзоб қариб сесад километр дур аст. Ҳар ду хислату рафтор, гуфтору кирдори ҳамдигарро панҷ панҷа барин медонанд. Дар деҳа бо рафтору кирдори шум ва гапҳои хунуки таҳдораш ба дили ҳама задааст ин мўйсафед.

пешина
аз 208
навбатӣ