Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
-- Албатта. Кам не, чор соли дароз бо чашмони дил ташхис кардам, омўхтам. Ва бовар дорам, ки бароям аз ў гавҳари қимматтаре дар олам нахоҳад буд!
-- Э, ҳа, табрик! Чӣ ном дорад он санги нодир?
-- Зумуррад!..
Зумуррад абрувонашро ноумедона дарҳам кашид.
Нигоҳҳои хастаю андешаборашро ба фарози кўҳдоман андўхт. Дар он баландӣ Аскар таноби андозагирро кашолакунон дар тани ёла мехазид. Қадамҳояшро боэҳтиёт аз санге бар санге ниҳода, тарҳи лоиҳавии ҷустуҷўию аксбардориро ба дарозӣ андоза мекард. Гаҳе аз рафтан бозистода, дуру дароз ба фарқи ёла менигарист, андешамандона ба атроф чашм медавонд. Хати муқобил ва гирду пешро муоина мекард, барои по ниҳодан дар он кўтали лағжонак ҷойи муносиби бехавф мекофт. Чун пояшро дар болои санге устувор менамуд, дилпур мешуд, қомат рост мекард, корашро идома дода, гоҳ-гоҳ ба сўи Зумурраду Сайид дида меандўхт, гўё ҳар як ҳаракати онҳоро ба мушоҳида мегирифт.
Ба назари Зумуррад чунин намуд, ки Аскар аз дур ҳам бошад, ба сўҳбати онҳо гўш мениҳад, балки гапи гуфтаи Сайидро шунид. Бо ҳамин андешаҳо беихтиёр аз хиҷолат дар рухсораҳои офтобхўрдаи ў сурхӣ давид.
Дар қисмати дигари кўҳдоман, тақрибан даҳ-бист метр дуртар, дар канори сой гурўҳи дуюми ҷустуҷўию аксбардории геологӣ кор мекард. Санавбару Усмон, мисли Зумурраду Сайид, барои ташхиси лабораторӣ ҷинсҳои кўҳӣ интихоб менамуданд. Каме болотар аз онҳо Қодир вазифаи Аскарро ба ҷо меовард: таноби андозагир дар даст, тарҳи лоиҳавии ҷустуҷўиву аксбардориро бо дарозӣ чен мекард. Султонзода бошад, ҳанўз саргарми сўҳбат бо Санавбар аз он баландӣ «кору бори» ҳар ду гурўҳро наззора мекард.
-Ҳой, Аскар! Монда набошед!-хушомадгўёна нидо баровард ў.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё