Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-- Ҳа? Ҳушам дар ту, ҳамшаҳр! Бигў, бемалол гап задан гир. Аҷаб гапҳои хубе мегўӣ!
-- Дар чӣ хусус гуфтам?
-- Дар бораи ким-кадом беваю бечораҳо. Ончунон тарафи онҳоро гирифта, бо дилсўзӣ нақлҳо мекунӣ, ки гўё очаат ё апаву хоҳаронат бошанд. Ҳиҳ! Ё, аз афташ, мисли ман бевабозӣ-а, Аскарҷон?!
-- Ҳеъ! Девори қиёмат будаӣ-ку!
-- Медонӣ чӣ, Аскарҷон, ҳамин духтаре, ки хизматгори шумо аст-ку… Номаш чӣ буд?
-- Киро мегўӣ? Дар мо ҳамагӣ ду духтар аст. Аммо онҳо , чуноне ки ту гумон мекунӣ, хизматгор не, балки ҳар ду донишҷўи курси чоруми факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонанд!
-- Ҳеъ! Якеашро, духтари Мармари сурхро ба хубӣ мешиносам. Ман ўро дар назар надорам. Ана ин нозанини дуюм, номаш чист?
-- Санавбар. Чӣ буд?
-- Э исқотӣ аҷаб хушрўяст-а?! Чўҷаи кабк барин!
-- Ба даҳонат нигоҳ карда гап зан, мўсафед!—дар қаҳр шуд Аскар.—Шогирди моро кӣ гумон кардӣ?! Санавбар духтари шўху шаттоҳ ҳам бошад, аз он духтарҳои ту гумон мекардагӣ нест, фаҳмидӣ?!
-- Охир, ў бо ана вай, исқотӣ маълимаш-Султонзода мегардад-ку.
-Ту аз куҷо медонӣ?
-- Дидам. Пайхас кардам. Э, ин исқотӣ маълима чашмош ганда!
-- Чӣ, магар ту ҷосус астӣ?! Бо ҳамин мақсад, барои гап гирифтану гап бурдан ҳар рўз ба назди мо меоӣ?!
Ришат сафед шуда, айбу шарма намедонӣ?!
-- Астағфрилло! Худо нигаҳ дорад! Ҳазл кардам. Мебинам, ки аз ҳамон феълу хўи бачагият намондаӣ, Аскарҷон! Гапи роста ноҳақ пиндошта, даррав қаҳрат меояд! О, дар ин дунёи гузарон як даҳан шўхӣ накунӣ, дили кас торс мекафад, ҳамшаҳр!..
Он рўз ба хотири он ки ин гап ба гўши касе аз шарикону одамони ин мавзеъ нарасад, «ҳамшаҳрат одами ношуд будааст» гуфта таънаю маломаташ накунанд, бо ҳамин ба сўҳбати дилгирашон хотима дода буд Аскар.

пешина
аз 208
навбатӣ