Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Аскар мисли ҳамаи ҳамдеҳагонаш аз ҳаёти оилавӣ, тақдири ҳамсари бадбахту нокоми Ҳоҷӣ Камол-Моҳитобон, ки бонуе буд маҳи чаҳордаҳ ва лаззати ин дунёро ночашидаю бо зиндагӣ падруд гуфта буд, ба хубӣ огаҳӣ дошт. Вале намедонист, ки он духтари ноком аз ҳамин мавзеъ, аз дараи Варзоб аст. Ва акнун аз ҳамааш хабар ёфт ва бисёр гапҳои дигарро ҳам дар бораи ў фаҳмида гирифт. Аз ҷумла онро донист, ки раҳматӣ Моҳитобон духтари амаки Зумуррад будааст. Ва онро фаҳмид, ки Ҳоҷӣ Камол боз нияти бо духтаре аз ў ҳам хушрўтари варзобӣ хонадор шудан дорад ва бо ҳамин ният чанд рўз аст, ки дар ин мавзеъ тор танида гаштааст. Ин ҳамаро чанд лаҳза пеш Аскар аз забони Гавҳар шунида буд. Аз ин рў, ҳоло аз ҷаҳлу ғазаб сабру тоқаташро аз даст додааст ва бо нафрате, ки ба ин ҳамдеҳааш дорад, дар ин дами мастӣ мехоҳад, нағзакак бо вай «як-ду даҳан гап зада», алами дилашро холӣ кунад. Балки пайти муносиб ёфта, дар ҳақи як нафари аз худ калонсол беҳурматӣ шавад ҳам, боб карда мушти обдоре дар таҳи манаҳаш мефурорад. Коре мекунад, ки ин «Исқотӣ» паю қадамашро аз хаймаи геологҳо, балки аз ин дара, аз деҳаҳои гирду атроф, аз мавзеи хушманзараи биҳиштосои Варзоб батамом канда кунад!!!
Дар ин як ҳафтаи дар ин мавзеъ бо ҳам вохўрдани ин ду ҳамдеҳа рўзе нест, ки онҳо сари гапею коре бо ҳам муноқиша накунанд. Боре Аскар дар танҳоӣ бо Камол, аз кору бори геологҳо, шароити душвори зиндагӣ, аз аҳволи беваю бечорагон нақл карда, пай бурд, ки гўш намедиҳад ўро Ҳоҷӣ Камол. Балки мешуниду эътибор намедод. Писанд намекард, бо даҳони боз ба ким-кадом тараф менигарист. Аз ин рў, қаҳраш омада, беибо ўро маломат кард:
-- Ҳой, мўсафед! Ба гапҳоям гўш медиҳӣ ё не?! Ҳушат дар куҷост?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё