Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-- Чӣ рост истодӣ, Қобил?! Гап зан ба ў! Мардбача буданатро ба вай нишон деҳ!
Аскар такя ба болишт ниҳода, гуфт:
-Рост мегўяд апайи Гавҳар. «Қобил» бошӣ, Қобил буданатро нишон деҳ! Ана ман Ҳобил. Ҳарду бачайи Одам. Ту Деҳқону ман Даҳмарда. Ман ба Худо равғани думба ҳадя кардам. Ту картошкаву пиёзу гашнич… Худо тўҳфаи маро қабул карду аз туро не. Барои ҳамин туро қаҳрат омадааст, қасд дорӣ, ки маро бикушӣ. Ана ман тайёр. Корд дорӣ?
Гавҳар бадтар дар ғазаб афтоду доду вовайло бардошт:
-Ба Худо кофир аст, ин майзада! Худоро ҳам мазоҳ мекунад! Ҳарчи ки Ҳоҷӣ Камол дар ҳақи вай мегуфтааст, рост будааст!
Қобил бо сиккаву сурати варзишгарони паҳлавон қаду басташро ларзонда пеш омад.
-- Э, акка! Гапро намефаҳмӣ, чӣ?! Хез, дафъ шав аз ин ҷо!
Аскар солору батамкин тан аз такяи болин бардошт.
Пойҳояшро дар лаби рахти хоб кашол карда нишаст.
Сар хамида сукут кард. Қобил муштонашро гиреҳ карда болои сараш рост меистод.
-- Ҳой, мехезӣ, ё не?! Ё ба хезондан ёрӣ расонам?!
Аскар беихтиёр сар бардошта, якбора аз гиребони Қобил чанг заду ба сўи худ кашид.
-- Ту маро аз ҷой мехезонӣ?! А, кўдак?! Ку хезон!!!
Ў бо панҷаҳои гирою дастони оҳанвор бақувваташ гиребони рақибашро сар намедод. Мушташро ба таҳи манаҳаш халонда, рост ба чашмони вай нигоҳ карда дод зад:
-- Чӣ мехоҳӣ, бача?!
Қобил даст бардошта муште ба сари ў фароварданӣ буд, ки Аскар чолокӣ карда, дар ҷойи нишасташ аз пушти пойи ў пешпо дод. Қобил гумбуросзанон пуштнокӣ дар замин ғелид.
Гавҳар фиғон бардошт:

пешина
аз 208
навбатӣ