Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Барои ин беодобияш аз Сафарбек ва он ҷавон узр пурсид.
-- Мебахшед,-гуфт.—Иҷозат диҳед, ман равам!— Ба сўи деҳаи муқобил рў гардонда қадаме ба пеш гузошт.
-- Ба куҷо?!—ўро аз роҳ гардонд Сафарбек.
-- Меравам! Ҷазои он бадсириштро надиҳам, намешавад аз афташ!
Ҳоҷӣ Сафарбек ҳалимона хандид ва бо навозиш даст ба китфони ў ниҳод.
-- Ҷўрагӣ ин хел нашудааст, Аскарҷон! Ҳама дар ин гирду атроф медонад, ки ту дўсти қарини манӣ. Мардум фаҳмад, чӣ гумон мекунад? Албатта, мегуфтагистанд, ки: «Як Ҳоҷӣ аз ким-куҷо омада, Гавҳару ҷиянашро шўр андохта, ба ҷанги як геолог хезонд!
Ҳоҷии дигар, Ҳоҷии худӣ рафиқашро тарафгирӣ карда, ду одами нооштиро батар ҷанг андохт, ба ҷойи ба онҳо насиҳат кардан, дидаю дониста, шўру валвала хезонд, деҳаи моро нотинҷ кард!»
Аскар сукут варзид. Дуру дароз ба нуқтае чашм дўхта истод. Ба назар чунин мерасид, ки аз раъяш баргаштааст, розист ба он чи ки дилсўзона насиҳат кард, дўстона маслиҳат дод ба вай Ҳоҷӣ Сафарбек. «Не, майлаш, намеравад ба сари Ҳоҷӣ Камол. Ҷанг намекунад.
Намезанад бо калла ба таҳи манаҳаш. Ба хотири дўсти қаринаш Сафарбек»...
Ҳамин дам аз диёргии хаймаҳо, болои санге баромада Санавбар овоз дод:
-Устод! Биёед, бо меҳмонҳо! Наҳорӣ тайёр!
…Дар гирди дастархон сўҳбати онҳо ранги дигар гирифт. Ҳоҷӣ Сафарбек бори дигар он ҷавони ҳамроҳашро шинос кард:
-Ҷиянам-Файзулло рўзноманигор аст. Омадааст, ки бо ҳаёти геологҳо аз наздик шинос шавад, дар бораи онҳо чизе нависад.
-- Хеле хуб,-бо ризоият сар ҷунбонд Аскар ва ба Файзулло нигариста, табассуми нобоваронае дар лабонаш нақш баст.-Хеле хуб кардӣ, ки додар, моро хабаргирӣ, ҳолпурсӣ омадӣ.

пешина
аз 208
навбатӣ