Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Бо ин мақсад дар мавзеи Харангон гурўҳи махсуси заминшиносони корхонаи ҷустуҷўю аксбардорӣ амал мекунад.
Дар муддати солҳои охир корҳои ҷустуҷўӣ ва аксбардорӣ дар ин мавзеъ самарҳои дилхоҳ дод.
Маблағгузориҳоро дар ин бобат Ҳукумати ҷумҳурӣ бар ўҳда дорад…
Ҳамчунин дар Харангони боло, ҳо ана, дар пушти он теппаи баланд,-ба самти шимоли кўҳдоман ишоракунон шарҳ дод Аскар,-дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Воҳидиён» корҳои омўзишу таҳқиқоти геологӣ оид ба истифодаи кони оҳан идома дорад. Агар мушоҳида карда бошию тағоят шояд гуфтагист,-ба Файзулло муроҷиат кард ў,- ҳар рўз аз роҳи поёни кўҳдоман мошинҳои пурбор мегузаранд. Онҳо аз ҳамин кони оҳан барои заводи семент ашёи хом мекашонанд…».
Дар ҳамин ҷо Аскар якбора аз нақл бозистод.
Қавоқҳояшро андохту сукут варзид, теғ кашида ба ҳамсўҳбаташ нигарист ва ба афту андомаш чуқур зеҳн монд. Файзулло ҷавоне буд харобаи каме қадпаст, сиёҳҷурда. Либосҳои шинаму озода ба бар дорад, дар он тамузи тобистон галстуки гиреҳаш қуббашаклро дар гарданаш таранг бастааст. Симояш ҷиддӣ, тарзи рафтору гуфтораш каме калонгирона. Аскарро бештар он рафтори Файзулло дар ғазаб овард, ки гўё ба гуфтаҳояш гўш додаю ҳар лаҳза бо тасдиқ сар меҷунбонад, вале дар асл аҳамият намедиҳад мисли Ҳоҷӣ Камол, то ҳанўз сар набардошта, ба чашмони Аскар нигоҳе наафкандааст; баҳузур нишаста шикам сер мекунад.
-- Ҳой бача!- чашм ало карда нидо баровард Аскар.- Хўрданӣ омадӣ? Ҷўраи ҳоҷии мо дар хона серат накард-чӣ?!
Файзулло як пора гўшти лаҳмеро, ки ба даҳон андохта буд, саросема нахойида фурў бурд. Луқма дар гулўяш андармон шуд. Сахт сулфид. Як қулт аз пиёлаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё