Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

чойи дар наздаш буда ба ҳалқаш рехту бошитоб дастонашро пок кард ва дар ҳолате, ки дар рўяш хун печида буд, баҳонаҷўёна ба забон овард:
-Ҳеъ, ин луқмаи раҳгумзада аз куҷо пайдо шуд, ки раҳи гулўямро маҳкам кард?!
Аз чунин муносибати рўйиросту дағалу дурушти «мизбон», ки бори нахуст ўро медиду аз тағояш борҳо таърифашро шунида буд, дар хиҷолат ва дар ғазаб афтода буд Файзулло. Нобоварона нигоҳҳои имдодталабонаашро ба Ҳоҷӣ Сафарбек дўхт. Тағояш ғайричашмдошти ў ба ҷойи тарафгирӣ бо мазоҳ лабонашро гиҷ карда механдид.
-- Нафаҳмидам, ако?-- ранҷурдахотир гардан каҷ карда, пурсид Файзулло.
-Чиро намефаҳмидаӣ?!—ҳамоно бо овози дурушт маломат кард Аскар.—Хўрданро-ку, мефаҳмӣ! О, журналист бошӣ, қаламу коғазат барору навис! Ҳамин қадар ҷон коҳонда нақл кардам, ба девор гуфта истодаам-чӣ?!
Ҳоҷӣ Сафарбек Файзуллоро бештар дар ҳайрат гузошта, ба завқ хандид.
-- Аз афташ, сахтат расид-а, ҷиян? Хафа нашав, ҷўраи ман ана ҳамин хел марди рўйросту сахтдаҳан аст.
Рост мегўяд, модоме ки пурсидӣ, қаламу коғазатро гиру навис. Ҳамаи шунидаҳоро дар ёд гирифта намешавадку!
Файзулло худро чунин вонамуд кард, ки аз эроди он ҳар ду он қадар ҳам наранҷидааст. Зеро сабаб дорад -он чиро ки Аскар ба ў нақл карду вай нанавишт. Бо тамкин гуфт:
-- Ман нақли бисёр олиҷаноби Шуморо нанавишта бошам ҳам, бодиққат гўш кардам, акои Аскар. Хафа нашавед, дар бораи ин ҳама гуфтаҳоятон маълумот дорам. Ҳамаашро пешакӣ тағоям ба ман ҳикоят кардаанд.
Шумо айнан он чиро гуфтед, фаҳмондед, ки аз тағоям шунида, дар дафтарам қайд кардаам. Раҳмат, ташаккур, акои Аскар… Аммо ба ин ҷо, ба коргоҳи геологҳо омада, як чиз бештар таваҷҷўҳи маро ба худ ҷалб кард.

пешина
аз 208
навбатӣ