Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар назди Шумо ду нафар донишҷўдухтар таҷриба меомўхтаанд. Дарвоқеъ, ин иқдоми наҷиб аст! Тайи чанд рўз дар Эрон будам. Ба қадре ки иттилоъ ёфтам, ҳарчанд он ҷо давлати исломист, вале нафарони зиёде аз ҷумлаи занону духтарон касби заминшиносиро пешаи худ кардаанд. Пас, чаро бонувони мо аз онҳо пайравӣ накунанд? Пас, чаро мо, қаламкашон ҳарчи бештар дар бораи занон-духтарони геолог нанависем, то ба дигарон ибрат шавад?
Аскар дандон кофта, нохушона гардан тоб дод. Бе он ки назаре ба журналист афканад, рў ба Сафарбек гардонда, гилаомез, бо оҳанги талху пичинг гуфт:
-- Ин ҷиянатон, ҷўра, дар бораи духтарон мақола навиштанӣ будаанду беҳуда назди ман овардӣ!
Файзулло бо ҳамон тамкине, ки дошт, илова кард:
-- Бале. Ман аслан бо ҳамин мақсад-бо мақсади ҳамсўҳбат шудан бо ду нафар таҷрибаомўздонишҷўдухтарон ба ин ҷо омадам ва суолҳои бисёре дорам ба онҳо: Аслан сокини Душанбеянд ин духтарон, ё аз ягон гўшаи дурдасти ҷумҳурӣ ба пойтахт ба хондан омадаанд? Барои чӣ ягон касби дигар нею маҳз пешаи геологиро интихоб кардаанд? Оё падару модаронашон монеъ нашуданд? Агар аз раҳи дур омада бошанд, дар хобгоҳ иқомат мекунанд ё дар хонаи иҷора? Баъди хатми донишгоҳ чӣ ният доранд? Дар ҳақиқат, сидқан мехоҳанд, ки дар оянда геолог шаванд? Ё соҳиби диплом шуда, кор намекунанд дар ин касби душвору масъулиятнок, мисли аксар занону духтарони имрўза бозоршин мешаванд ва ё ба шавҳар мебароянду бо ҳамин тамом?..
Ў ҳамин тавр суолҳоро пайи ҳам қатор чида сухан меронду Аскар торафт бетоқат мешуд; баҳонаҷўёна гоҳ бо нўги чубча дандон мекофту гоҳ гўшҳояшро мехорид.
Ниҳоят ба миёни сўҳбат лагад зада, овоз баланд кард :
-- Санавбар! Ин ҷо биё!
Файзулло бо гумони он ки Аскар шогирди таҷрибаомўзашро маҳз барои бо вай мусоҳиб шудан даъват кардааст, саросема шуд.

пешина
аз 208
навбатӣ