Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ба фикрам, Ҳоҷии ошнои ман бисёр гапҳоро ба ту гуфтааст. Яъне, ту хабар, мақола нею очерк, ё китоб навиштанӣ ҳастӣ дар бораи духтарони мо, бо бофтаҳои тақдиру қисмати онҳо, ишқу ошиқӣ ва ғайраву ва ҳоказо. Ҳамин тавр не?!
-- Маро дуруст фаҳмидед, акои Аскар,-мисле , ки гуноҳе аз ў содир шуда бошад, нигоҳҳояшро ба замин дўхт Файзулло.—Чунин як мақсаде дар пеш гузоштаам, аммо фақат бо кўмаку дастгирии Шумо.
Аскар бо тамасхур баланд хандид:
-- Ҳеҳ! О, ман нависанда ё журналист набошам, чӣ гуна ба ту кўмак карда метавонистаам?!
-- Охир, онҳо шогирдони Шумоянд. Дар назди Шумо таҷриба меомўзанд. Дар бораашон бисёр чизҳоро медонед… Хоҳиш мекунам, он чи ки дар бораи кору рафтор, одобу ахлоқ, мақсаду мароми шогирдонатон, муносибати ин ҳар ду душиза бо ҷавонписарон дидаеду мушоҳида кардед, бигўед, ман дар дафтарчаам сабт намоям.
Аскар бетоқатона сар афшонда, бори дигар дидаҳои ҳайратборашро ба вай андўхт.
-- Исто, ки ҷўра, худат дар куҷо кор мекунӣ?!
-- Аслан гирем, дар ҳеҷ куҷо. Ихтисосам тарроҳи компютер. Дар якчанд рўзнома тариқи шартнома саҳифабандӣ мекунам.
-- Чанд мақола, ё очерку ҳикояҳоят дар ин рўзномаҳо чоп шудаанд?
-- Зиёд не. Ҳамагӣ ду-се хабар навиштаам.
Аскар бовар накард.
-- Хайр, мисли тағоят хоксорӣ накун!—бо маломат гуфт ў.—Узви Иттифоқи нависандагонӣ, албат? Чанд китоб дорӣ? Шояд шоир, ё нависандаи машҳур ҳастию узр, мани аз адабиёт бехабар туро нашинохтам.
Файзулло хандид.
-- Ҳе, мазоҳ мекунед-чӣ, акои Аскар? Майлаш, тамасхур кунед. Лекин ман як одат дорам, агар нияте дар пеш гузоштам, то ба мақсадам нарасам, дилам ором намегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё