Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Гуфтам-ку, китоб менависам, дар бораи шогирдонатон, дар бораи ҳаёти геологҳо, дар хусуси он ки Шумо ва ин таҷрибаомўзон рўз то бегоҳ дар ин адири бесоҳиб, дар миёни хазандаю газандаҳо овораю сарсон гашта, дар дил чӣ мақсадҳо доред, чӣ нафъе ба халқу кишвар мерасонед.
Зеро ин аҷиб аст. Меарзад, ки чизаке ба қалам диҳам.
Аммо фақат бо ёрии Шумо, акои Аскар. Ва Шумо ҳам хоксорӣ накунед, аз аввали сўҳбататон пай бурдам, ба касе монанд нестед, ки аз адабиёт бехабар бошад. Зеро Шумо барин касоне, ки дар бораи тақдири одамон, неку бади ҷомеа ва зиндагӣ бисёрҳо фикр мекунанд, албатта шоир, ё нависандаанд ва ё аз аҳли ирфонанд.
-- Кӣ гуфт, ки ман дар бораи одамону ҷамъият бисёр фикр мекунам? Ин гапҳоро ба ту кӣ фаҳмонд? Тағоят?
-- Бале. Тағоям гуфтанд, ки Шумо шеъри бисёре медонед ва шеър ҳам менависед. Илтимос, акои Аскар, ягон шеър аз навиштаҳоятон хонед.
Аскарро, аз афташ ин суханон хуш омад, ки баҳонаҷўёна пушти сар хорид. Даме сукут варзид ва якбора сар боло карда ин мисраҳоро бо оҳанги шоирона ба забон овард:
-- Ҳм… Олам дигар шудаст,
Одам дигар шудаст.
Маҳшар шудаст,
Мурдаҳо кай зинда мешаванд?
Файзулло ба завқ омад.
-- Воҳ! Аҷоиб-ку! Маъниҳои фалсафӣ! Фалсафаи зиндагӣ, фалсафаи дунё! Резед, барои ҳамин гап! Барои зинда шудани мурдаҳо!
Ва чун дид, ки шишаи шароб аллакай холӣ шудааст, аз хиҷолат худро каме қафо кашид. Аскар аз рафтору кирдори ин ҷавони барояш хеле аҷиб, ки лаҳзае пештар писандаш наафтода буд, ба завқ омада, ончунон баланд хандид, ки Файзулло аз ҷой як қад парид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё