Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-- Э қоил кардӣ-ку, ҷўра! Мисли «акоят» будаӣ! Ман чунин касонро эҳтиром мекунам. Агарчанде аз меъёр зиёд нўшидан кори оқилон нест. Ва ба касе ҳам маслиҳат намедиҳам, ки дар шаробнўшӣ мусобиқа кунад, аз ҳад гузаронад!
Ў дарҳол ба Санавбар, ки дуртар машғули пухту паз шуда, аз хилват ба сўҳбати ҳар ду гўш мениҳод, амр дод.
—Ҳой шогирд! Аз ҳамон оби чашма як сатил пур карда биёр, ки нав ҳамқадаҳамро ёфтам!
Бо омадани шишаи дуюм Ҳоҷӣ Сафарбек ҳам ҳозир шуд. Вай дар як дастурхони калон нону табақи оши палав печонида ва дар як сатил зардолую себу нок оварда буд. Аскар теғ кашида, бо қираи чашм ба ў назаре афканду дам назада, қасдан қадаҳи холишударо ба сараш бардошт. Санавбар ҳам аз пухта, тайёр шудани қайла хабар дод. Дар як дам дастурхони онҳо аз анвои хўрданӣ зебу зиннат ёфт.
-- Дар кадом хусус сўҳбат мекардед?-сари дузону нишаста, оштихоҳона пурсид Ҳоҷӣ Сафарбек.-Ҳай ба завқ хандидӣ-а, Аскарҷон! Ончунон овозатро баланд сар додӣ, ки шояд то худи Варзоб ҳама шуниданд.
-- Э, ин ҷиянатон одами аҷиб будааст-ку!-лабони ба ханда шукуфтаашро гирду ғун карда гуфт Аскар ва азбаски ҳоло вақташ каме чоқ буд, мамнунона илова кард:-- Ба ростӣ, Файзуллоҷон ба ман маъқул шуд!
-- Ман ҳайронам, ки ҷияни ман ҳам ҳунари хандондан доштааст,-қаноатмандона изҳор дошт Ҳоҷӣ Сафарбек.—То имрўз гумон мекардам, вай ҷавони хеле ҷиддӣ аст, ба умеде ки аз чунин касон мансабдорроҳбари калон мебарояд.
-- Аммо дар ин масъала хато мекунӣ, Ҳоҷӣ! -- бо ҷиддияти том гуфт Аскар.-Ҷияни ту нависанда шуданӣ!
-- Наход?
-- Ҳо, бале! Повест, роман, ё ким-чизи дигар, хулоса китоб навиштанӣ. Мисли нависандаҳои имрўз, ки ба Худо, аз мўру малах ҳам зиёд шудаанд! Яке дар бораи раҳматӣ падараш, дигаре дар бораи модару бобою бибӣ, дигаре дар васфи худаш менависад, кам не, ҷилд-ҷилд китобҳо чоп мекунанду ба худ тахаллус ҳам монда, мехоҳанд ба адабиёти имрўза ворид шаванд.

пешина
аз 208
навбатӣ