Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
даври китоби нахустинаш мусоҳаба меоростанд, он маъние дошт... Равшан дар ҳаққи адабиёт чунон қазоват мекунад, ки аз хиҷолат арақ мекунед. Тасаввур кунед: агар касе бо як ду мақолааш, ба фаъолияти олимон доварӣ кунад, кори хуб набудагист. Хоксориву фурӯтанӣ даркор аст. Зиёда аз он, Равшан менависад: “Ин ҳикоя он солҳо рӯи чопро надид. Ба Абдумалик Баҳорӣ ва ҳатто Фазлиддин Муҳаммадиев маъқул нашуд... ба хотири он ки наранҷанд, ин ҳикояро солҳои дарозе ба чоп насупоридам...” Бародар, аз рӯи инсоф бо шахси марҳум баҳс намекунанд, зеро ӯ дигар худро аз шумо ҳимоя кардан наметавонад. Ман аминам, ки агар Баҳорӣ ва Муҳаммадиев маъқул накарда бошанд, ҳамон ҳикояатон ба интишор арзиданӣ набудааст.
Аслан боист, ки идораи рӯзнома ҳадафи мусоҳибаро саҳеҳ меандешид.
Аз ин лиҳоз ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” дар даҳ соли охир барои адабиёт ва миллат хидмати шоистае мекунад. Бесабаб нест, ки адади нашри он ба сад ҳазор расидааст. Мардумон баъди сомон нагирифтани нашри “Садои Шарқ” бо осори адабии тоза ба тавассути “Адабиёт ва санъат” ошноӣ меёбанд. Ҳафтавор шӯҳрат ва эътибори шоистае пайдо кардааст.
Дар охир ман аз аҳли анҷуман хоҳише дорам:
“Манфиати гурӯҳи ҳамдиёрони худро ба адабиёт сарборӣ карда иттиҳоди нависандагонро ҳам ба қисматкунӣ наоваред. Ба мо раҳбаре лозим аст, ки қабл аз ҳама аз фасоди маҳалгироӣ пок бошад. Сониян, ӯ дар адабиёт шахси тасодуфӣ ё раҳгузаре не, балки адиби ҳақиқӣ бояд бошад.
Ва синни ӯ бояд ҷавонтар бошад, ки фаъолият кардан тавонад. Ононе, ки дар гирди синни шастанд, аз кори умум дида бештар ғами худро мехуранд, ки ин ба хеҷ кас пинҳон нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё