Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Аз осори устод ман боз як ҳақиқати талхи зиндагиро дарёфтаам: чаро ҳукуматдорон ба василаи матбуот, радиову телевизион, бо шеваи қаламкашони беҳунар шабу рӯз ба тавсифи мардуми ранҷбар машғуланд. Ғуломро “ҳой, боракаллоҳ” куштааст.
Каломи раббонӣ, каломи ҳаққониро гуфтану навиштан дар назарҳо чӣ кори саҳлу осоне менамояд!
Устод Улуғзода ҳақиқати ҳоли мардуми моро, таърихи онро чунон нигоштаанд, ки бо мутолааи он осор авлоди фардо аз бисёр касолатҳо покиза хоҳад гашт.
1991
ОЧЕРК ВА
ПУБЛИСИСТИКА
ДАР ТАЛОШИ ЗИНДАГӢ
Мегӯянд, ки дар дунё якчанд корҳои басо мушкилписанд ҳастанд, ки яке аз он амалҳо дар хотир доштани тамоми иероглифҳои хитоӣ будааст. Аммо ба фикри ман, он амали мушкилписанд дар нисбати кори ба ниҳонхонаи дили касе роҳ ёфтан, гӯё чандон сахтие надорад. Оре, кӯраи ҳарорати дили инсон даст расонидан мушкил аст. Барои ин фақат дасти нозук доштан кам аст.
Кас метавонад дар фурсати як чойник чой хӯрдан, дар муддати як шишту хез пойгоҳи донишу камолоти ҳамсӯҳбаташро бидонад. Аммо барои фаҳмидани орзую омоли ӯ, мақсаду мароми зиндагии ӯ ба дили инсон даст андохтан лозим. Ба дили инсони ҷиддӣ ва баақлу фаросатманд даст задан кори саҳл не.
...Ман бо ӯ борҳо ҳамсӯҳбат шудаам. Ӯ ҳамеша бо ман ба истиҳола, андешамандона сухан мекунад. Аз корҳои худаш хеле кам, дар ғояти мухтасарӣ маълумот медиҳад. Метарсад, ки боз зиёда иғроқ карда, аз пашша фил месозаму ӯро дар миёни ҳамкорон хиҷил мекунам. Не, ӯ алҳол ягон корнамоие нишон надодааст, аз дигар ҳамсолони худ баландӣ ҳам надорад. Духтари оддӣ. Муаллимаи ҷавони ҳанӯз ба маслиҳату нишондодҳои омӯзгорони кордида мӯҳтоҷ аст. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки ӯ бештар дар бораи муаллимони худ ҳикоя мекунад.
Ҳикоят аз овони ба остонаи синфи якуми мактаби ба номи Горкии шаҳри Ӯротеппа қадам ниҳоданаш то имрӯз, дар муддати таҳсили даҳсола, баъд панҷ сол дар Институти педагогӣ аз муаллимони бисёре сабақ гирифтааст.
Вале ҳар касро дар зиндагӣ муаллиме пеш меояд, ки он тамоми андешаҳои парешони ӯро ба сӯи мақсади ягонае равона мекунад.
Шояд инчунин шахси раҳбалад дар мактаб муаллими шумо набошад. Шояд ӯ падари шумо, бародари шумо ё ягон рафиқи оддии шумо бошад. Вале ӯ тамоми умр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё