Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дар дили шумо ҳамчун раҳнамо, маскан мегирад, шумо ба ӯ пайравӣ мекунед ё ҳеҷ набошад, боре аз кори ӯ барои худ ибрате гирифтаед.
Ҳарчанд устоди нахустин ва якумраи ӯ падари худи вай ҳоло муаллими хизматнишондодаи республика Раҳим Маҳмудов буда, ба дили ӯ муҳаббати касби муаллимро ҷой кард, аммо дар роҳи ҳаёт муаллими дигаре низ дошт, ки маҳз он шахси мӯътабар тавонист шавқи шеъру адабиёт, сеҳри назокати каломи бадеъро дар ҳастии ӯ биомезад. Ингуна устоди таъсиргузори ӯ муаллими адабиёт — Маҳмуд Қодиров буд.
Дар оилаи онҳо шахси шеърдӯст ва шеърхон набуд.
Аммо Ҳикоятро сатрҳои диловези Хайём ва Ҳофиз ба олами хаёлҳои рангин, зебо ва мусаффо мебурданд, дили ӯро пайваста тасхир намуда, муғчаҳои тафаккури ӯро рангу бор медоданд, хаёлоташро ба парвозҳои баланд илқо менамуданд.
Ана, ӯ ба орзуяш расид. Филолог. Муаллима. Монанди собиқ муаллими шеърдӯсти худ Маҳмуд Қодиров ба шогирдонаш аз адабиёт, аз шеъри дилчаспи Хайёму Ҳофиз дарс мегӯяд. Гӯё ба қуллаи орзуи худ расидааст.
Аммо табиати инсон хосияти аҷибе дорад. Одам бо хӯрдани таом шикамаш сер мешавад, бо об ташнагиаш мешиканад. Вале ташнагии зиндагиро бо чӣ шикастан мумкин аст? Ин ташнагии маънавӣ дар ҳастии ӯ талотум мекард. Оре, барои орзуҳои нав ба нав, барои талоши ҳастӣ дар дили инсон ҳамеша ҷавлонгоҳе ёфт мешавад.
Ҳикоят ҳамчун мудири қисми илмии мактаби №5, ба номи Рӯдакии шаҳри Ӯротеппа кори таълиму тарбияро бо мушкилиҳои зиёд бошад ҳам, ба роҳ монда тавонист.
Бо тайёрии пухта ба дарсҳо омадани муаллимон, ба вазифаи худ бепарво намудани баъзеҳо бартараф шуд.
Серталабии ӯ аввал ба дили баъзе аз ҳамкоронаш сахт расид. Гоҳе сурху сафед ҳам шуданд. Аммо оқибат ба талаби ҳаққонии ӯ тан доданд.

пешина
аз 393
навбатӣ