Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Оилаи онҳо қариб ба даҳ номгӯй рӯзномаву маҷаллаҳои марказӣ ва республикавӣ обунаанд. Ҳар рӯз ин нашрияҳо даст ба даст гузашта қариб ҳамаи аҳли хонавода аз онҳо баҳраҳо мебардоранд.
Дар гирдоби ташвишҳои бисёр, кору бори бешумор тақдири Очаой аз фикри ӯ дур намешуд. Ҳикоят аввало бо худи Очаой вохӯрду аз ин хусус сӯҳбат кард. Очаой кор кардан мехоҳад, аммо падараш ба ҳеҷ ваҷҳ ба кор кардани ӯ розӣ набудааст. Модараш ҳам ташвиқи Ҳикоятро гӯш карду дар охир “Биё мон, духтарам, амонатамонро ба дасти соҳибаш супорем, ана баъд кор мекунонад-мӣ, мехонад-мӣ, ихтиёраш” — гӯён ӯро гусел кард.
Аммо Ҳикоят аз инчунин нобарориҳо маюс намегашт ва одати аз роҳи мақсади худ баргаштанро надошт.
Дар ин кор ба миён даромадани чанд нафар роҳбарон ва шахсони бонуфуз ҳам таъсири матлуб набахшид.
Падари Очаой Сангинбой-амак якравона дар суханаш сахт истодагарӣ мекарду якзайл мегуфт:
— Кор кардан лозим бошад, дар хона ҳам кор бисёр. Шукр, ба касе мӯҳтоҷ нестем. Агар аз ӯҳдаи хӯрондану пӯшонидан набароям сонӣ фикр мекунем...
Ҳикоят мефаҳмид, ки ба падар ҳам мушкил аст, аз ҳамгузарон, ҳамкорон таънаву маломат шунидан намехоҳад. Баҳои духтараш дар назари хостгорон мешиканад.
Ҳикоят як бегоҳӣ бори чандум бошад, ки боз ба хонаи Очаойино рафт. Сангинбой-амак дар асл одами хуб, коргари кордида, аммо чи илоҷ, ӯ ҳамранги ҷамоат будан мехоҳад.
Онҳо дар сари дастархони Очаойино дуру дароз сӯҳбат карданд. Ҳикоят аз кору бори худ, аз ҳаёти духтарони комбинат батафсил ҳикоя кард, аҳамияти коромӯзии духтарро барои фардои ӯ ба падар исбот кард.
Оре, ӯ аз ваҷҳи фардои одамон, фардои зиндагӣ бо мисолҳои ҳайратоовар ҳикоя кардан метавонист. Он шаб

пешина
аз 393
навбатӣ