Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дар пеши чашмони Сангин-амак Ҳикоят аз як фаъоладухтари оддӣ ба пояи як тарбиятгари донову дилсӯз баромад. Ӯ акнун симои ботини ин духтари ҷавон, ҳусни дили поку беғубори ӯро пай мебурд. Оре, маҳз ҳамин тарғиботчии ҷавон ба ӯ фаҳмонда тавонист, ки ба саҳифаҳои фардои зиндагӣ ҳам назар кунад. Маҳз, ҳамин муаллимаи ҷавону мушфиқ ба ӯ талқин кардан тавонист, ки ба ҷуз аз хӯрдану пӯшидан дар дунё ҳаёту зиндагии дигаре низ ҳаст ва одам агар нимагӣ аз ваҷҳи оила хушбахт бошад, нимагӣ аз бобати кораш дар миёни ҷамъият қаноатманд ва мамнун аст. Ин ҳолатро ба эътибор нагирифтан имрӯз ғалат аст.
— Ин духтар гапи дигар. Ин духтарамро ҳаргиз ба роҳи бад намебарад... Майлаш равад... Кор кунад, розӣ шуд охир Сангин-амак.
Ҳикоят бо ёрии идораи шаҳрдорӣ Очаойро ба фабрикаи трикотажӣ ба кор бурда монд.
Ӯ на танҳо Очаойро, балки монанди ӯ даҳҳо духтарони Ӯротеппаро ба ҳамин гуна талошҳо ба кори умум илқо намудааст. Худи ӯ низ монанди қатрае аз дарёи беканори халқ дар пеши офтоби ҳаётбахши умр талош дорад. Ӯ худ таҷассуми ҳамин ҳаёт аст. Оре, офтобро дар қатра ҳам дидан мумкин аст. Агар он қатраи ноолуда соф ва беғубор бошад. Ҳикоят он қатраи беқарорест, ки дар роҳи талош ҳазорон қатраҳоро ҳамроҳи худ ба роҳи зиндагии пурмазмун мебарад.
1968

пешина
аз 393
навбатӣ