Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ДАР ҶУСТУҶӮИ ҚАҲРАМОН

Тирамоҳи соли 1943. Барори ҳуҷуми армияи советӣ дар фронт, алалхусус музаффарияти қушӯнҳои советӣ дар камони Курск рӯҳи мардумро дигар карда буд. Баъди муҳорибаҳои тобистона таҳи ҷанг намоён шуда монд.
Ҳама бесаброна ғалабаро интизорӣ мекашиданд. Ба салютҳои зафар, ба корнамоии ҷанговарону партизанҳо акнун одат карда буданд. Шояд аз ҳамин сабаб буд, ки хабари диловарии бемисли Қудрат ҳам ба диёри ӯ зуд расида наомад. Муждаҳои тозатар, хушхабарҳои таъхир кардаро дар ними роҳ мегузоштанд.
Колхози “Сохтмони Вахш” он рӯзҳо “колхози қаҳрамон” ном гирифт. Агар ин ё он шаҳру деҳи Тоҷикистон бо қаҳрамонписари худ фахрад, аҳли ин колхози хурдакак, ки ҳамагӣ соҳиби 100 гектар замини обӣ буданд, бо ду нафар фарзандони қаҳрамони худ сарфарозӣ доштанд. Паёпай ба колхоз хабар омад, ки ба ду нафар аз фиристодагони деҳаи Навобод пас аз ҳалокаташон унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шудааст.
Номи Ҳайдар Қосимов ва Қудрат Қайумовро тамоми республика фаҳмид. Он солҳо раиси колхози “Сохтмони Вахш” Маҳмад Шайхов марди баркамолу тануманд буд. Раисҳои солҳои ҷанг. Дар бораи ин сарварони хоҷагиҳои деҳқонон, командирони фронти ақибгоҳ қиссаву достонҳои бешумор навистаанд ва ҳамвора менависанд. Онҳо монанди лашкаркашоне, ки сарбозҳои диловару салоҳи ҷангро аз даст додаанд, бо занону наврасон дар колхоз ба ҳуҷуми беамон мерафтанд. Оре, онҳо ҳам барои ғалаба ба ҳуҷум мерафтанд. Барои ҳар як кило ғалла, барои ҳар як бех пиёз талош доштанд. Ҷанговарон дар майдонҳои ҷанг бо фашисти хуношом меҷангиданду онҳо бо душмани беамон — гуруснагиву урёнӣ, бо афтодарӯҳиву бесаробонӣ меҷангиданд.

пешина
аз 393
навбатӣ