Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

…Ӯ ҳанӯз ҳам дар деҳаи худ дар колхози имрӯзаи “Правда”-и райони Вахш кор мекунад. Маҳмад Шайхов аз соли 1939 то соли 1947 раиси колхози “Сохтмони Вахш” буда, ғаму шодии мардуми колхозро дар он солҳои вазнини имтиҳони рӯҳи халқ, санҷиши бузурги қудрати он шарик буд. Ӯ имрӯзҳо нафақаи хоксоронае мегирад ва ба корҳои колхози худ ёрирасон аст. Раиси собиқ имрӯзи он айёмро ба ёд оварда, дар ҳалқаи андешаҳои бепоён сухан оғоз кард:
— Он рӯзҳо аз колхози мо ду нафар қаҳрамон шуданашон ҳамаро шод кард. Аммо он вақт он хабар қадре ғалат ба мо расида буд. Яъне, ба ҳар ду писар баъди ҳалокашон унвони қаҳрамонӣ дода шудааст, гуфтанд.
Мардум ҳам ғамгин буданд ва ҳам аз шодӣ ва ифтихор ба куртаи худ намеғунҷиданд. Як ҳолати аҷиб буд. Кас гоҳ намефаҳмид, ки гиря кунад ё хандад. Ҳамон солҳо аз онҳо фахр карда хеле бехуд шудему хешу табори қаҳрамонро дуруст наҷустем. Модару хоҳари Ҳайдар Қосимов дар колхоз буданд. Ёд дорам, ба онҳо колхоз хонаи нав сохта дод, се ҳазор сӯм пул, сесад кило гандум, гову гӯсола дод. Дар солҳои ҷанг ин қадар маҳсулот хеле чиз буд.
Баъдтар маълум шуд, ки худи Ҳайдар Қосимов ҳам зиндаву саломат будааст, омад. Аммо аз хешу таборони Қудрат Қайумов ному нишон наёфтем... Модари ӯ аз колхоз рафтааст гуфтанд. “Ба тарафҳои Кӯлоб, ба ҷониби хешовандонаш рафт” гуфтанд...
Оре, модари Қудрат пас аз ба фронт рафтани писараш аз колхоз рафта буд. Худи Қудрат ҳам ҳангоми ба зодгоҳаш Қалъаи лаби об барои аёдати хешовандонаш омадан даъватнома гирифта, аз ҳамин ҷо ба фронт рафта буд.
Меримбек Рофиеви 64-сола, ки имрӯз дар колхози “Правда”-и ноҳияи Вахш истиқомат дорад, бо Кудратино ҳамсоя будааст. Дар колхозе, ки Қудрат кор мекард.
Меримбек он солҳо мудири ҳосилот буд. Ӯ дар бораи ҳа-

пешина
аз 393
навбатӣ