Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ёти қаҳрамон пурсон буданамро фаҳмида, аз хусуси ӯ ҳар чӣ дар хотир дошт, баён кард:
“— Қудрату модараш ба мо ҳамсоя буданд. Онҳо аз деҳаи Қалъаи лаби оби райони Ғарм соли 1941 ба Вахш омада буданд. Ҷавони қоқинаи сиёҳчашму абрӯсияҳ, 18-
19 сола буд. Ӯ бачае буд, оромтабиат, камгап, хеле батамкин. Ду сол ҳамроҳи ман дар колхоз кор кард. Пахтаро каланд кард, об дод, гандум дарав кард, ароба ҳай кард. Баъд соли 1942 ҳамаи аспу аробаҳоро барои эҳтиёҷоти фронт ғундошта гирифтанд. Кор ба гову хар монд. Дар колхоз кор бисёр одам кам, солҳои вазнин буданд... Аз гуруснагӣ одамон беҳол, кӯдакон талаф мешуданд... Бемории вараҷа, ҳасба...
Дар аввали ҷанг онҳоеро, ки ба фронт даъват шуданд, хеле бо тантана гусел кардем. Оҳиста-оҳиста ба фронт рафтан ҳодисаи муқаррарии ҳаррӯза шуд. Бинобар он, онҳоеро, ки баъдтар даъват шуданд, равшан дар хотир надорам. Одамизод ба ҳар як мушкилӣ, офат, ба ҳар як сахтиву мусибат одат мекардааст. Қудрат соли 1943 ба фронт рафт. Баъди ба ҷанг рафтани ӯ модараш ба тарафҳои Кӯлоб рафта, бедарак шуд...” Қалъаи лаби об, чи тавре ки аз номаш маълум аст, қалъавор дар канори рӯди пурталотуми Сурхоб ҷой гирифтааст. Давродаври деҳаро кӯҳҳои баланд иҳота кардаанд. Соли 1922 дар ин деҳаи барҳаво Қудрат ба дунё чашм кушодааст. Саҳифаҳои таърихи Ғарм пур аз қаҳрамонист. Қиссаи шӯриши Усмон ва ба азобу шиканҷаи сарватмандону мухолифони инқилоб мардонавор тобоварии ӯро Қудрат аз даҳони наздикони он марди сарбаланд шунида буд. Солҳои кӯдакии ӯ ҳанӯз дар кӯҳистони Ғарму Ҳоит ду неру бо ҳам разм доштанд. Фоҷиаи муаллимаҳои Ҳоит ҳамагӣ аз Қалъаи лаби об панҷ-шаш километр он сӯтар сурат ёфта буд.
Қудрат аз ҳамаи ин воқеаҳо огоҳӣ дошт. Агарчи баъзеҳо сафедро сиёҳу сиёҳро сафед гӯён талқинаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё