Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
мекарданд, вай бо ақли худ неку бадро шинохтан мехост.
Ӯ шунида буд, ки мардуми диёри ӯ дар напазируфтани забткорони гуногуннажод — чи юнонию чи арабу муғул ҷонбозиҳо кардааст.
Таърихи халқ дарси шарафу қаҳрамонӣ, китоби ватанпарастӣ ва мардумдӯстии фарзандони халқ аст.
Миллате, ки таърихи пуршараф ва анъанаҳои бузургу муқаддас надорад фардои умедбахше низ надорад. Ҳар як халқ ба фарзандони худ аз қаҳрамонии гузаштагони худ сабақ мегузорад. Қудрат мактаби ҷоннисории фарзандони диёри худро гузашта, аз мардонагии ҳанӯз дар саҳифаҳои таърих рақам нагаштаи мардони кишвари кӯҳистон сабақ гирифта буд.
Соли 1939 ӯ бо модараш ба заминҳои навкорами Вахш меравад. Бисёр саҳифаҳои рӯзгори ин қаҳрамонписари тоҷик ҳанӯз торик аст. Шояд пайшиносони ҷавон, дӯстону хешовандони ӯ минбаъд бо ҷустуҷӯи худ маълумоти тозае ёбанд, тарҷумаи ҳоли ӯро пурра ва саҳеҳ кунанд.
Чи тавре ки зикраш гузашт, Қудрат аз деҳаи Қалъаи лаби об ба хидмати ҳарбӣ даъват мешавад. Тобистони соли 1943 ҳангоме ки ӯ бо ҷоннисории бемисол ҳалок мешавад, рутбаи сержантӣ доштааст. Ӯро командири гурӯҳи тирандозони полки рақами 109, дивизияи 74-уми армияи 13- ум таъин мекунанд, ки дар фронти Марказӣ амал мекард.
Тобистони соли 1943 пас аз муқовимати сахти душмани ба ҳуҷум сар кардаро шикастан, полки ӯ ба шаҳри Курск дохил мешавад. 5-уми июли соли 1943 муҳорибаҳои шадиде, ки дар таърих ба номи ҷанги Курск маъруфанд, оғоз меёбад. Роҷеъ ба корнамоии Қудрат Қайумов, хушбахтона дар архиви Вазорати мудофиаи СССР маълумоте маҳфуз мондааст, ки онро архив аз рӯзномаи фронтии дивизияи 74-ум гирифтааст. Мухтасар дар он хабарнома чунин оварда шудааст:
“Дивизияи тирандози 74-ум, армияи сездаҳуми фронти Марказӣ дар озод намудани деҳаи Оболоне рай-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё