Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

они Коронск вилояти Чернигов иштирок дошт. Ҳангоми яке аз ҳуҷумҳо дар самти чап ҳаракати қӯшунҳои советиро пулемёти фашистон монеъ шуд. Узви комсомол Қудрат Қайумов вазъиятро дуруст сарфаҳм рафта, азм кард, ки пулемёти душманро бо расчёташ тарконад...” Пулемёт даштро бо тири худ ғалбер мекард. Он ҳуҷуми аскарони моро боздошта ба фашистон имконият медод, ки мавқеъҳои худро мустаҳкам кунанд. Командир ба Қудрат амр кард, ки аз як сӯ хазида раваду пулемётро бо граната нобуд созад. Фармон фармон аст, онро иҷро накардан мумкин нест...
Қудрат чору ночор ба сӯи марг, ба сӯи қаҳрамонӣ рафт.
“Не, намегузорем, ки бору бӯғчаатро баста, осонакак ба хандақ даромада шиниву баъд моро тут барин резонӣ. Душманро думболагир кардан лозим, ҳушаш ба сар наомада, кӯфтан лозим! Зудтар, зудтар, то ки душман домани парешониву бесару сомонии худро ғундошта нагирад... Охир, чашми ҳама олам ба мост, кай фашизмро нобуд карда, ҳаёти осоишта барпо мекунем?.. Тоҷикистони азиз, модари мушфиқ ба роҳи ман чашми интизор дӯхтааст. Ман ягона умеди вай, ягона сутуни хонадонаш, ягона ҷуфтрону тухмпош, марди деҳқони хонаводаам...
Боғу киштзор, чарогоҳу бинокориҳо интизори дастони мананд...” Қудрат ин фикрҳоро аз сар мегузаронду ғайриихтиёр аз ҳамнабардон ҷудо шуда ба ҷониби он деви хунрез гаваккашон мерафт. Гӯё маҳз, ҳамин пулемёти фашистон ӯро аз шуғли деҳқониаш ҷудо карда ба арсаи хунрезӣ оварда бошад. Дашт монанди кафи даст ҳамвор буд.
Ҷунбидани буттае аз назари нишонзани фашист пинҳон намемонад. Ана, рафиқонаш аз ҷониби дигар диққати фашистро ба сӯи худ кашида истодаанд. Тезтар, тезтар...
Қудрат аз миёни алафҳо ҳамчу паланге, ки сайдашро мепоида бошад, чолокона мехазид. Гулҳои рангоранг, ала

пешина
аз 393
навбатӣ