Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
мефаҳмидагиҳо ҳастанд. Ӯ аз он ваҷҳ ғамгин шуд, ки ба раҳбарони колхоз гапашро фаҳмонда натавонист. Ҷои он, ки ягон ёрии амалӣ расонад, хархаша оғоз кард. Вай ҳайрон буд, ки чаро одамон мақсади ӯро намефаҳманд.
Охир, вай сидқан ба кори колхоз ёрӣ расонданист... Кори колхоз пешрав гардад, мардум осудаҳол гарданд, барои ҳама хуб аст-ку! Наход, инро Бобоев нахоҳад? Не, мехоҳад, чаро нахоҳад... Аз афти кор, ман мақсадамро дуруст фаҳмонда натавонистам. Ин хел шарту шурт гап назада, роҳашро ёфта исбот карда, нишон додан даркор... Раис ҳам зӯъмӣ дорад! Гап намебардорад. Ба вай айбашро гӯю гурез...
Ҳамон шаб Азизов то дергоҳ деҳаро пиёда гашт.
Соат кайҳо аз дувоздаҳ гузашта бошад ҳам, дар чашми ӯ хоб набуд. Аввал ба лаби канали боло баромад, қад-қади канал рафту деҳаро аз самти шарқу ҷануб давр гашт.
Вай аз ин воқеа хеле дар изтироб буд. Дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд, ки ӯро ба раисӣ пешбарӣ мекунанд...
Акнун Бобоев чӣ мегӯяд?
Кабинети котиби райком, гуфтугӯ дар бораи сабабҳои қафомонии колхоз, чораҷӯиҳо, таклифҳо — ҳама бори дигар аз хаёлаш гузаштанд. Суханони раҳбарони ноҳия ҳанӯз дар гӯшаш садо медоданд: “Ҳама кор ба раис вобаста. Ба колхоз раҳбаре даркор, ки дили халқро гарм кунад. Бобоев аз ӯҳдаи ин кор намебарояд. Хизмати ӯ кам нест, аммо имрӯз талаб аз роҳбар дигар аст...” Азизов бо ҳамин хаёлҳо ба сари марзаи калон баромад, ки он хатти сарҳади ду колхоз ба шумор мерафт.
Як тараф пахтазори колхози “Комсомол”, тарафи дигар
— пахтазори колхози ҳамсоя. Ӯ ба ҳар ду тараф бо навбат якчанд бор нигариста, вазъияти киштзорҳоро муқоиса кард. Дар яке ниҳол тунук, зарду нимҷон, ҷо-ҷо ҷазираҳои холӣ ҳам ба назар мерасиданд. Дар қитъаи дигар ниҳоли пахта дандон барин зич, ранги ниҳолҳо сабзи си-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё