Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ёҳчатоб, пур аз кӯраку пахта...
Баъд ӯ ба самти омадааш баргашту дар сари роҳи калоне, ки деҳаро аз миёна ба ду тақсим мекард, лаҳзае бозистод. Дар тарафи дасти рост ӯ — хонаҳои аъзои колхози ҳамсоя, дар тарафи дасти чап — деҳқонони колхози “Комсомол” зиндагӣ мекунанд. Деҳа ҳама монанди пахтазор бо намуди зоҳири худ аз ҳам фарқ мекард.
Дар колхоз қариб панҷ ҳазор ҷон, қариб ҳафтсад хонавода ҳаст. Бо ҳар яктои ин одамон сару кордор шудан, онҳоро ба кори колхоз дилгарм кардан магар кори осон аст? Барои музди ночиз кор кардан дили ҳамаро аз кор сард кардаст. Колхозчиён чунин вонамуд мекунанд, ки кор мекунанд, раҳбарони колхоз чунин вонамуд мекунанд, ки музд медиҳанд, дар асл на ину на он... Агар қабл аз ин дар ягон колхози дигар кор карда, аҳволи онро ба сомон меовардам, гап дигар буд. Халқ умедвор мешуд, ки шояд ягон чора кунаду колхозро аз ин вазъият барорад. Ҳоло ҳеҷ кас ба ман бовар намекунад... Агар давлат пахтаро андаке бо нархи баландтар мехарид... Килои пахта — 60-70 тин, пилла — 6-7 сӯм...
Ӯ бо ҳамин фикрҳо аз кӯчаи қишлоқ гузашта мерафт. Сафедорҳои наврас ҳанӯз ба роҳ соя наандохта буданд. Деҳкада панҷ сол қабл аз ин дар дашти холӣ ба вуҷуд омад. Мардум дар солҳои аввал ба ин ҷойҳо дил набастанд, ниҳол ҳам нашинонданд. “Наход, ки дар ҳамин ҷо як умр зиндагӣ кунем?!” — шубҳа мекарданд онҳо. Биёбони бешафқат, тафсон, гармсел на мева, на соя... “Ана, ин ҳавлии Амин, — Азизов ба ҳавлии оддии канори роҳ нигариста, беихтиёр овоз бароварду баъд овози худро шунида, хиҷолат кашид ва хавотиромез ба атрофаш нигариста гирифт. Не, ҳеҷ кас нест, овозашро касе нашунидааст. Агар кор кунанд, Амин баринҳо як бригадаро обод мекунанд. Аммо вақтҳои охир аз кори колхоз дасту дилашро шустаст. Бозоргардӣ мекунад. Чаро? Колхоз камбағал, ба рӯзи меҳнаташ пули казоӣ дода наметаво

пешина
аз 393
навбатӣ