Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

над. Ана, Толиб ҳам ба ҳамин кӯй афтодаст... Замин ҳаст, об ҳаст, дасти корӣ ҳаст, техника ҳаст, пас камбудии мо чист, ки дигарон барин бадавлат, осудаву обод нестем?
Асп ёбию дашт ёбию натозӣ, гунаҳгор худат, мегӯянд.
Рӯзгорамонро як бор ба тартиб андохта, соли дигар ҳалол кор кунем — канӣ! Баъд маълум мешудагист...
Пеш аз маҷлиси интихоботии колхизчиён дар деҳа валвалае рафт, ки ба колхоз раиси нав пешбарӣ кардаанд. Аҳли колхоз ҳар сол як раиси навро дида, акнун ба омадану рафтани раисҳо ҳам одат карда буданд. Аксар бепарво, ба кору бори худ овора, на ба маҷлис нигарон буданд, на ба раиси нав.
Аммо дар колхоз гурӯҳе одамони ба ин ҳодисаҳо шавқманд ва шабу рӯз дар ин хусус бо рағбат фикр мекарда низ кам набуданд. “Кӣ раис мешудаст?” Он рӯзҳо ин савол дар даҳони онҳо, агар яке бо дигаре вохӯрад, аввалин саволашон ҳамин буд. Овозаҳои гуногун, тахминҳои ҳархела, ки одатан, дар ин гуна мавридҳо ҷӯш мезаданд, ин бор ҳам аз даҳон ба даҳон мегаштанд.
Бисёр касон ҳайрон буданд, ки акнун киро раис интихоб мекунанд.
— Кӣ раис мешуда бошад? — дар тааҷҷуб мепурсид яке.
— Дар ин колхоз одами раисбоб ҳам намонд, — ҷавоб медод дигаре.
— Қариб ҳама як борӣ раис шуда фуромаданд. Ману ту медонем, ошно.
— Агар аз дигар ҷо ягон касро оварда ба раисӣ пешкаш накунанд...
— Аз колхози мо раис барояд ҳам, боз кор хӯрҷин.
Яктаамон ду намешавад. Аз афташ, худо ин корҳоро ба мо нафармудаст...
Сонитар, дар арафаи маҷлиси ҳисоботӣ ба раисӣ номзад будагиҳо аниқ шудан гирифтанд. Ана дар ҳамон рӯзҳо ногоҳ яке хабаре ёфта омад, ки онро шунида, аввал

пешина
аз 393
навбатӣ